Лутфӣ Зоҳидова - аввалин ситораи балети тоҷик
Аз даргузашти ин ситораи рахшони санъати тоҷик 25 сол мегузарад. 10-октябри соли 1995 Лутфӣ Зоҳидова бар асари як борӣ тарки олам кард. Ёдаш ҷовидонӣ монд, ҳунараш аз хотираҳо зудуда нахоҳад шуд. Инсони шарифе буд, ки миёни ҳамкасбон обру дошт. Даҳҳо шогирдаш имрӯз ҳам ҳунари устоди шодравонашонро идова медиҳанд. Дар остонаи солгарди даргузашташ аз ӯ ёд мекунем.
Тақдир ба ў дасти ёрӣ дод, ки миёни духтарони тоҷик нахустин раққосаи балет шавад. Падари деҳқонаш Зоҳиди Сангин гумон надошт, ки духтари ягонааш ба камол расида, бо ҳунари худ саҳнаҳоро ороста, яке аз асосгузорони хореографияи тоҷик мешавад. Номи балеринаи шўхратманд, устоди забардасти рақс Лутфӣ Зоҳидова тавассути истеъдоду санъати волояш дар саҳифаҳои таърихи балети Тоҷикистон сабт ёфт. Назокати рақс, эҷодиёти бою рангин ва дилангези ўро ҳунарварони асили замон эътироф кардаанд.
Лутфӣ аввал дар дастаи ҳаваскорон, пас дар омўзишгоҳи омўзгории занонаи пойтахт таҳсил кард. Рақсҳои мавзуни ў дар маҳфили ҳаваскорони санъат таваҷҷўҳи ҳамаро ба худ ҷалб намуд. Баъди он ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ пирўз гардид, ўро дар ҳайати ҳаводорони ҳунар ба олимпиадаи умумиттифоқии эҷодиёти халқ фиристоданд. Он ҷо вай рақсҳои дилчаспу зарифи худро намоиш дод. Дар Москва ҳунарашро писандиданд. Баъдан ўро барои кор ба ансамбли рақсу суруд даъват карданд. Солҳои 1939-1941 ба ҳайси раққосаи ансамбли иттифоқҳои касабаи Иттиҳоди Шўравӣ ҳунарнамоӣ мекард. Ҳамзамон дар донишкадаи санъат таҳсилро идома медод ва рақсҳои ҷозибро меомўхт. Чун оташи ҷанг даргирифт, Лутфӣ ночор ба ақибгоҳ баргашт. Дар Театри опера ва балети Тоҷикистон ба ҳунарнамоӣ оғозид. Таҷрибаҳои дар Москва андўхтааш ёрӣ медод, ки низоми кори худро мувофиқи завқу маромаш ба роҳ монад. Маҳораташ бештар сайқал меёфт ва дилҳоро мерабуд. Вай ба ин комёбиҳо бо дасти мадади мураббиёни худ – ҳунармандони шинохта Александр Просенко ва Ғаффор Валаматзода ноил мегашт. Ў дар мактаби Просенко аз асосҳои санъати нозуки балет сабақ меомўхт. Нозукиҳои рақси миллиро аз устоди рақс Валаматзода меомўхт ва рафта-рафта инкишофи балети тоҷик бо номи худи ў иртиботи зич гирифт.
Соли 1949 аввалин балети миллии тоҷик «Лайлӣ ва Маҷнун», ки мусиқиашро Сергей Баласанян эҷод карда буд, бо саъю кўшиши балетмейстер Ғаффор Валаматзода ба саҳна гузошта шуд. Дар офаридани ин спектакл бори дигар собит гашт, ки Валаматзода дар санъати рақс истеъдоди фавқуллода дорад. Дар «Лайлӣ ва Маҷнун» бори аввал дар саҳнаи тоҷик рақси классикӣ бо рақси миллӣ омезиш ёфт. Лутфӣ қиёфаи маъшуқи номурод – Лайлиро офарид, ки вай аз аввал шўху қайсар буд. Сипас ҷаҳонбиниаш ташаккул ёфта, ба муқобили ҷоҳхоҳон, ҷоҳилон ва мутаассибон бархост. Арбобони ҳунар эътироф карданд, ки Лайлии Лутфӣ дар ҳақикат олиҳаи ҳусн, ошиқи ва тақдири фоҷиавӣ дорад. Дар хати ҳаракати балерина тамоми воқиаю ҳодисоти асар бо ифодаҳои драматикӣ сурат гирифта буд.
Ин ҳунари шевои балеринаро тақдир карданд. Соли 1949 барои комёбиҳояш дар иҷрои нақши Лайлӣ (аз балети «Лайлӣ ва Маҷнун») Лутфӣ Зоҳидова ба Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шўравӣ ва унвони Хунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф шуд.
Раққосаи балет мехост дар офариниши симои ҳамзамонони худ низ қувва биозмояд. Ибтидои солҳои панҷоҳум Ғаффор Валаматзода бо ҳамкории либреттонависон Муҳаммад Рабиев, Азиза Азимова ва оҳангсоз Александр Ленский рақси классикиро бо унсурҳои рақси миллию фолклорӣ даромехта балети «Дилбар»-ро ба саҳна овард, ки рўзгори муосиронро инъикаос мекард. Қаҳрамони марказии асар раққосаи моҳир Дилбар орзу дошт саҳнаҳоро зеб диҳад. Ин чеҳра ба дили балерина беҳад наздик буд. Ў дар симои Дилбар ҳаёти шахсии худро медид, мисли ў раққосаи моҳир шудан мехост. Ин орзу ба шарофати заҳматҳояш ба амал омад. Балерина роли Дилбарро басо табиӣ ва муассир бозидааст.
Дурахши истеъдоди Лутфӣ Зоҳидова дар офариниши симоҳои Одетта («Кўли Қувони»-и П.И.Чайковский), Мария (аз «Фаввораи Боғчасройи»-и Б.Асафев), Золушка (аз «Золушка»-и С.Прокофев), Шаҳрзод ( аз балети «Шаҳрзод») ва як қатор дигар қиёфаю симоҳо бештар ба зуҳур омад.
Хунари волои Лутфи Зоҳидоваро ҳунаршиносони басо халқу нажодҳо писандианд. Вай дар ҳайати аҳли ҳунар ба Муғулистону Булғористон, Руминияву Албаниё, Ҳиндустону Индонезиё сафар карда, санъати нафиси мардуми тоҷикро намоиш медод.
Соли 1951 дар шаҳри Берлин ҳазорон нафар писарону духтарони сайёра ба фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷўён ҷамъомада буданд. Дар байни онҳо духтари тоҷик Лутфӣ Зоҳидова низ буд, ки дар он ҷо барои ҳунарнамоии хубаш соҳиби ҷоизаи махсус гардид.
Моҳи апрели соли 1957 Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав баргузор мегардад. Ба ин муносибат балетҳои миллии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С.Баласанян (бо баъзе бозёфтҳои эҷодӣ) ва «Дилбар»-и А.Ленскийро намоиш доданд, ки дар онҳо низ нақшҳои асосиро Лутфӣ Зоҳидова бозид. Бесабаб нест, ки санъатшиносони вақт ўро тимсоли Дилбар (аз балети «Дилбар», оҳангсоз А.С.Ленский) мехонданд, ин баҳои ҳаққонӣ ба истеъдоди ўст.
Ҳамон рўзҳо истеъдоди балеринаро дар роҳи равнақи санъати тоҷик бори дигар қадршиносӣ карда, ҳукумат ўро бо унвони Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шўравӣ сарфароз гардонд. Ў дар Осиёи Марказӣ аввалин балеринае буд, ки ба дарёфти ин унвони олӣ мушарраф гардид.
Раққосаи авҷи ҳунари балет шодравон Малика Собирова, ки бисёр нақшҳои репертуари балети ҷаҳониро бо исмаш якҷоя ном мебаранд, барҳақ гуфта буд: «Апаи Лутфӣ дар ҷодаи санъат барои мо чароғи раҳнамо буданд. Ба истеъдодашон аҳли олам борҳо кафкўбӣ кардаанд. Аз маҳораташон саҳна тароват ва обу ранги тоза меёфт”.
Нахустбалеринаи тоҷик Лутфӣ Зоҳидова беш аз чоряк аср дар саҳнаи театрҳо, дар олами беҳудуди нафосат ва назокат бо панҷаи по рост истода, ҳунарварӣ кард ва дар рушду камоли балети миллӣ саҳми сазовор гузошт. Халқи тоҷик ўро чун асосгузори санъати касбии балети тоҷик эътироф кардааст. Силсилаи образҳои ҷовидонаи офаридаи ў ба хазинаи тилоии санъат ворид шудаанд ва номи некаш дар саҳифаи таърих сабт ёфтааст.
Ситораи тобони балети тоҷик 10 октябри соли 1995 аз олам даргузашт.
Адабиётҳои истифодашуда:
1.Алӣ Бобоҷон. Дурахши ситора. Душанбе, «Адиб»,2012, 320 саҳ.
2.Нурҷонов Низом. Опера и балет Таджикистана. – Душанбе: 2010,424с.
Маҳмудова Нигина
Мутахасси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.