Сухан аз Ҷулиетаи тоҷик София Тўйбоева

Бо номи ў нахустин қадамҳои театри тоҷик  вобастаанд. Вай дар ҳама ҷо аввалин аст. Тўйбоева якумин ҳунарвари  пешқадами  касбии драмавии тоҷик , нахустин иҷрокунандаи нақшҳои лирикию драмавӣ дар асарҳои саҳнавии миллӣ ва классикаи ҷаҳон, аввалин  ҳунарпешаи кинои тоҷик, аввалин Артисткаи хизматнишондодаи Тоҷикистон , аввалин суханвари радиотеатри тоҷик, аввалин раиси Ҷамъияти театрии ҷумҳурӣ  мебошад.

София Тўйбоева то ба Тоҷикистон омадан дар маҳфилҳои худфаъолияти матбуотчиёни шаҳри  Бухоро, театри шаҳри Самарқанд, театри шаҳри Самарқанд, театри ба  номи Ҳамзаи шаҳри Тошканд фаъолияти ҳунарӣ намудааст.

Ба театри навтаъсиси Тоҷикистон омадани София Тўйбоева бисёр бурди калон буд, чунки София Тўйбоева бо ҳунари актёрӣ шинос буд ва таҷриба дошт. Аммо шароити кор хеле душвор буду замона нотинҷ. Босмачиён аз ҳар тараф ба намояндагони Хукумати нав ҳуҷум мекарданд. Дар яке аз ҳуҷраҳои театр ҳамроҳи писар ва шавҳараш зиндагӣ мекард.

Аввалин нақше, ки С.Тўйбоева дар театр иҷро кардааст, нақши Дилбар аз асари К. Яшен «Ду коммунист» буд, ки хело ҷозибанок ба назар мерасид. Аммо ҳунарпеша мисли ҳамаи ҳунармандони он замон аз мактаби хоси театрӣ бехабар буд.

Соли 1936 бо омадани Е.И.Мительман ба вазифаи роҳбари бадеи театри А.Лорҳутӣ кор ранги дигар гирифт. Мителман ба ҳунарпешагон тўли ду сол тарзу услуб ва назарияи Станиславскийро омўзонд. Ў ба ҳунарпешагон ҳақиқати ҳаёти руҳии инсонро талқин  кард. Бояд зикр кард, ки солҳои 1930-1934 на танҳо театр, балки кинои тоҷик ҳам қадамҳои худро устуворона мегузошт. Соли 1934 коргардони ҷавони тоҷик Комил  Ёрматов филми «Муҳоҷир»-и беовозро гирифт ва София Тўйбоева дар он нақши Марямро офарида буд. С. Тўйбоева дар офаридани нақшҳои занон чӣ дар асарҳои классикӣ ва чӣ дар асарҳои замонавӣ муваффақ шуда буд.  Ҳалима аз «Ҳалима»-и Зафарӣ, Саодат аз «Духтари чўпон»-и  Валидодов,  Гулизор аз «Восеъ»-и  Ғ.Абдулло, Биатриче аз «Хизматгори ду хоҷа»-и К. Голдони, Ҷулетта аз «Ромео ва Ҷулетта»-и Шекспир, Пошлепкина аз «Ревизор»-и Гогол, Модар аз «Ҳукми модар»-и Ф. Ансорӣ , Луиза аз «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Ҳоҷиона аз «Бой ва хизматгор»-и Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва ғайраҳо намунаи онҳост.

Соли 1957 таҳиягари филми бадеии «Ман бо духтаре вохўрдам» Р.Перлштейн София Туйбоеваро барои иҷрои нақши Меҳринисо-хола даъват кард ва ў тавонист, ки симои  аммаи  меҳрубон ва ҳалим Меҳринисоро, ки барои хушбахтии ҷиянаш Лола мекўшад, табиӣ офарад.Тамошобинони кино минбаъд ўро дар нақши духтур Маҳмудова аз филми «Вазифаи олӣ» (1958), Бону аз «Қисмати шоир» (1959), Саидабону аз «Писар бояд зан гирад» (1960), Ходима аз «Хокистари сўзон» (1967) ва дигар нақшҳо дида, истеъдодашро писандидаанд. С.Тўйбоева бо санъати баланди ҳунариаш тамошобинро ба олами қаҳрамонҳояшон роҳбаладӣ мекард.

Хизматҳои шоёни София Тўйбоева боиси унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои баландӣ ҳукуматӣ гардидаанд. Ў соли 1941 соҳиби унвони Артисткаи Халқии Тоҷикистон шуд. Бо ордени Ленин, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо, грамотаҳои фахрӣ сарфароз гардидааст.

Адабиётҳои истифодашуда:

  1. Нурҷонов, Н. София Тўйбоева: Душанбе 1993, 144 саҳ.
  2. Нурҷонов, Н. Мактаби актёрии тоҷик. – Душанбе, 2011, 496 саҳ.

Нигина Маҳмудова

Мутахассиси шуъбаи адабиёт

доир ба фарханг ва ҳунар.

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

Саду панҷ соли София Тўйбоева

·«ДУНЁИ ТЕАТР»

·Ахтарони кинои тоҷик

·МАЭСТРО УБАЙДУЛЛОҲ РАҶАБОВ: РӮЙДОДҲОИ ТАСВИРШАВАНДА ДАР ФИЛМҲОИ МАЗҲАКАВӢ ТИПӢ НЕСТАНД

·Мазҳакаи лирикии тоҷик «Ман бо духтаре вохӯрдам»