Аслиддин Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши дуюм
Муаррихи маъруф Масъудӣ дар «Муруҷ-аз-заҳаб» доир ба ҳамин масъала чунин меорад : «авом китоби Зардуштро «замзама»меноманд ва дар байни шуаро ҳам мурғони хушовоз ба «зандхон» ё «зандбоф» маъруф буданд».
Дар оини зардуштӣ нақши шунавандаи ғайрифаолро (яъне нафаре, ки танҳо ба гӯш андохтани Замзама фарогир аст) зери танқид қарор медоданд, яъне тибқи дастури мӯбадон, мебоист, ки ҳамаи пайравони ин мазҳаб худашон низ бо овози баланд готҳоро сароянд. Дар аксари кулли маъхазҳо ин расмро «замзамахонӣ номидаанд, аммо бояд зикр намуд, ки Замзама ё замзамахонӣ– ин расми бо лабони пӯшида бо овози «ҳм..»(садо дар ин ҳолат танҳо аз димоғ хориҷ мешавад) иҷро намудани оҳанг ба шумор меравад. Дар ин хусус Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» («Подшоҳии Хусрави Парвиз») дар як байт маълумоти басо нодиреро роҷеъ ба замзамахонӣ ва услуби истифодаи барсам баён намудааст .
«Фуруд омад аз асбу барсам ба даст,
Ба замзам ҳамегуфт, лабро бубаст».
Яқинан маълум мешавад, ки барсам ба даст гирифта, бидуни калом (бо лабони баста) ниёиш кардан, расми маълуми ҳатто шоҳони сосонӣ ба шумор мерафтааст.
Абдурайҳмони Берунӣ дар «Осор –ул – бақия» оид ба оини замзамахонӣ маълумоти зеринро овардааст : «…Ва Суруш нахустин касест, ки мардумро ба Замзама амр кард. Ва Замзама он аст, ки шахс оҳиста овозҳое бихонад, бидуни он, ки дониста шавад чӣ мехонад ва бад –ин ҷиҳат замзама мекарданд, ҳангоми намозу ситоиши худованду тақдиси он таом тановул мекарданд. Ва дигар эшонро мумкин намешуд, ки васати намос такаллум кунанд, ин буд, ки ҳим-ҳим мекарданд ва ишора менамуданду сухан намегуфтанд...”.
Дар «Бурҳони қонеъ» муаллиф замзамаро чунин шарҳ додаст : «ба оҳистагӣ чизеро хондан ва калимоте, ки муғон маҳалли ситоиш ва муноҷоти Бори Таоло ва парастиши оташ ва чизе хӯрдан ба забон ронанд ва низ номи китобест аз мусаннифоти Зардушт». Маълум мешавад, ки расми машҳури замзамахонии қадимӣ- ин овоз баровардан, ё худ сурудхонии бидуни калом (бо «ҳим-ҳим» ) будааст. Дарки ин анъанаи қадимӣ барои шинохти таърихи мусиқии аҷдодонамон хеле муҳим аст, зеро бояд қайд намуд, ки то ба замони мо ин услуби махсус дар мусиқии суннатии халқи тоҷик ,аз ҷумла порчаҳои махсуси «Шашмақом» ё худ дар ҳамасоҳои қадимӣ маҳфуз мондааст. Масалан, гӯрӯғлихонҳои тоҷик дар порчаҳои махсуси овозӣ,ки байни сюжетҳову қиссаҳои гуногунмазмун сароида мешаванд, айнан гӯё барои ба қиссаи дигар омода сохтанишунаванда,ҳамин гуна услуби «ҳим –ҳим»-ро истифода мебаранд. Ин ҷо хонандаи достон бидуни калом якчанд лаҳза бо садои “ҳӣ, ҳм” нолаҳои махсусро иҷро мекунад ва ин нолаҳо дар сохтори достон айнан функсияи “бозгӯӣ” (такрор)-ро иҷро мекунанд. дар ҳар сурат метавон гуфт, ки ин ҷо услуби “замзам а” мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин маврид, ҳам иҷрокунандаи достон ва ҳам шунавандагон аз эҳсосоти воқеъии боби пешина пешина фориғ шуда, барои қабули сужети тоза, яъне идомаи достон омода мешаванд. Дар байни мардум низ ибораи “замзама кардан” имрӯз ҳам ба маънои суруд хондан, ё худ тараннум кардани ягон оҳанг истифода карда мешавад.
Яқинан метавон гуфт, ки Замзама ҳамчун суруди қадимии мӯбадони зардуштӣ дар нимаи дуввуми ҳазорсолаи пеш аз милод ташаккул ёфтааст. Баъдан, дар давраи рушди мусиқии замони Сосониён, истилоҳоти «зазамахонӣ» ё худ «зандхонӣ» вориди доираи суннатҳои мусиқии ҳирфаии мардуми тоҷик қарор мегирад ва ба худ рамзи хеле ҳам аёни ифодакунандаи сурур, оҳанг, навоҳои дилангезро мегирад. Дар бисёр мавридҳо минбаъд замзама ба худ маънии умумии суруд ва мусиқиро мегирад.
Мафҳуми Замзама ва албатта услуби иҷрокунандагии Замзама дар давраҳои баъдина на танҳо аз байни нарафтанд, балки дар миёни суннатҳои хеле бои мусиқии мардуми тоҷик ҷойгоҳи тозаи хешро пайдо намуданд. Дар бисёр мавридҳо минбаъд замзама ба худ маънии умумии суруд ва мусиқиро мегирад. Масалан Ҳофизи Шерозӣ дар ғазалиёташ аз ин мафҳум хеле зиёд истифода намудааст:
Фиканд замзамаи ишқ дар Ҳиҷозу Ироқ,
Навои бонги ғазалҳои Ҳофизи Шероз.
Ё худ:
Шоҳо, фалак аз базми ту дар рақсу самоъ аст,
Дасти тараб аз домани ин замзама магсил.
Ба назар мерасад, ки баъдан мафҳуми замзама дар ашъори классикони мо ба худ рамзи ирфонӣ мегирад (аз Бедил):
Лаб ба хомӯшӣ фишурдам,нола ҷӯшид аз нафас,
Қайди худдорӣ ҷунун бар табъи озод оварад.
Лаб фишурдан – яъне тоқат кардан аст, аммо ҷӯшидани нола аз нафас (ҳамон услуби замзамаи қадимӣ) ифодаи қудрати рӯҳ аст, ки ба ибораи орифи бузург «озодӣ металабад»
Ё худ ( боз аз Бедил):
То дил ба сози замзамаи дард ворасид,
Ҳар ҷо диле шикаст, ба гӯшам садо расид.
Ин образи Бедил хеле ҳам пурмаънӣ мебошад, зеро шояд бори нахуст ӯ ибораи «замзамаи дард»-ро истифода намудааст, яъне замзама, суруди лабфишурда – ин ифодакунандаи дарди инсон аст ва ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ҳамон вақт устувор мешавад, ки дили шунаванда ба маъниҳои замзамаи дард ворасад. Хулосаи шоир ҳамин аст, ки инсони бедард ё худ дардношинос, аслан инсон нест.
(Идома дорад)
Аз китоби Аслиддин Низомӣ: “Таърихи мусиқии тоҷик”. Душанбе, “Адабиёти бачагона”, 2014.
Таҳияи Саодат НАБИЕВА, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.