Марде дар симои бузургон. Зодрӯзи маэстро Марат Орифов. Ёдаш ба хайр
Ҳангоми тамошо хушдоманам Маратро дар нақши дуюм нашинохта, иброз карданд, «ин босмачиҳо дар ҳақиқат душманони хунхори миллат буданд. Дидед, намояндааш чӣ гуна андоми хасмона дорад? Аз куҷо ёфтед ин афти хунукро?” Ҳама хандиданд ва Марат хам шуда ба гўши модараш офарандаро муаррифӣ мекунад. Тўҳфа – хонум «Эй вой, аз дасти босмачиҳо писари худама нашинохтаме» - гуфта, ҳозиринро боз ҳам механдонад.
*** *** ***
Марат Орифов ба синамо чун ҳунарманди синамо ворид гардида аст. Ин воқеа соли 1956 рух дод. Ўро донишҷўи соли дуввуми Институти театрии шаҳри Тошканд, коргардони машҳури кинои тоҷик Комил Ёрматов , ки он вақт дар студияи «Узбекфилм» фаъолият мекард, дар иҷрои нақши Абўалӣ ибни Сино даъват намуд. Дар ин филм ҳунарманди нотакрор Тўҳфа Фозилова нақши модари Шайхурраисро офариду писараш Синоро. Аз ҳамон вақт фаъолияти бою рангини ҳунарии ў дар олами синамо оғоз гардид. Аз он давр солҳои зиёд сипарӣ шуданд. Даҳҳо нақшҳо иҷро гардидаанд. Дар байни онҳо ба ғайр аз нақши Сино (1956, «Абўалӣ Ибни Сино», Узбекфилм), Анов (1958, Вазифаи олӣ), Рўдакӣ (1959, «Қисмати шоир»), Сайфӣ (1959, «Вақти зангирии писар расид»), Дузди Бағдод (1959, «Насриддин дар Хуҷанд), Ширинкор (1961, «Коваи оҳангар»), Аҳмад (1964, «То пагоҳ»), Комил (1965, «Замони осоишта») ва ғ. Марат Орифов яке аз ҷавонтарин Ҳунарманди Хизматнишондода дар таърихи Тоҷикистон буда, ин унвонро дар синни 21 солагӣ сазовор гардид!
Марат Собирович Орифов – симои Маликушшуаро, сардафтари адабиёти тоҷик – Абуабдулло Рўдакиро дар филми «Қисмати шоир» офаридааст. Ин филм ҳам аз лиҳози таърихӣ ва ҳам аз нигоҳи ифтихори миллӣ ба худ ҳамто надорад. Барои иҷрои беҳтарин нақши мардона филм ҷоизаи байналмилалии Қоҳира «Уқоби тилло» ва ҷоизаи шўравии Минскро соҳиб гардидааст.
Аксари нафарони бо ин шахси бузург дар наворгирӣ ҳамроҳ буда бар онанд, ки чеҳраи ин ҳунармандро на танҳо меҳнати пардозгарон, балки чанд лаҳзае пеш аз навор ба ботини қаҳрамони худ «ворид гардидани» ў низ чунон дигар мекунад, ки симои аслии ўро шинохтан мушкил мегардад.
Ин гуфтаҳоро ҳамсари шодравон – Геновайте Орифова чунин тасдиқ кардааст.
«Соли 1977 филми ҳунарии «Муҳосира» бо коргардонии Марат ба навор гирифта шуд, ки ба ҷуз нақши асосӣ - Ҷўрабек Марат дар он ҷо нақши дуввум ҳам дошт. Ин ҳолат дар ҷараёни филмбардорӣ рух дод. Ҳангоми наворгирӣ маълум шуд, ки нақши босмачиеро, ки таблиғоти зиддишуравӣ мебурд, ба касе насупоридаанд. Давоми чанд дақиқа бо тағйири рўю либос Марат вориди кадр гардиду онро бозид. Нахустин намоиши филми «Муҳосира» дар бинои муассиса барпо гардид ва дар он Тўҳфа Фозилова - модари Марат низ даъватӣ буданд. Ҳангоми тамошо хушдоманам Маратро дар нақши дуюм нашинохта, иброз карданд, «ин босмачиҳо дар ҳақиқат душманони хунхори миллат буданд. Дидед, намояндааш чӣ гуна андоми хасмона дорад? Аз куҷо ёфтед ин афти хунукро?” Ҳама хандиданд ва Марат хам шуда ба гўши модараш офарандаро муаррифӣ мекунад. Тўҳфа – хонум «Эй вой, аз дасти босмачиҳо писари худама нашинохтаме» - гуфта, ҳозиринро боз ҳам механдонад Бо худи ман ҳам чунин ҳолате рўй дода буд. Дар киностудияи «Қирғизфилм» озмоиши ҳунарие дар филми муштарак доштем ва ман ёвари коргардон будам. Коргардон, ҳама ҳунармандони саҳна ва техникӣ омода истодаем, вале ман ҳарчанд ба чор сў нигаристам Маратро пайдо накардам. Тоқат накарда бо овози баланд, «Куҷо шуд ин Орифов, касе ўро дидааст?» – пурсидам, аз наздикам қирғизе бо тоҷикӣ мегўяд, ки «Дод назан. Ман ҳаминҷоям». Овози Маратро базўр шинохтам…» .
Давоми умри худ шодравон Марат Орифов 24 маротиба дар нақшҳои асосӣ ва чандин нақшҳои ҳунарии дигар чеҳрагардонӣ намудааст. Симои тоҷикии ў дар ҳамаи офаридаҳояш комилан маълум буд…
Марат Орифов ҳамчун коргардони кино низ муваффак гаштааст. Филмҳои бадеӣ ва бадеи-телевизионии «Ниссо» аз рўи романи Павел Лукнисский, (1964), «Дили ман дар кўҳсор» (1969), Асрори қабила (1970), «Муҳосира (1977), «Бо табассум нигар» (1983), «Санги кабуд (1972), «Савганд (1973) ва ғайраҳоро таҳия намудааст.
Режиссёри синамо Марат Орифов мукофоти баланди ҳампешагони худро гирифтааст. Филмҳои ў «Сирри аҷдодӣ» ба дипломи дараҷаи аввали озмуни байналмилалии синамои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ (1978) ва «Маро ЛЭП ба пеш мебарад» ба ҷоизаи озмуни даҳуми байналмилалии кино дар Маскав (1974) сазовор шуданд.
Ахиран коргардони муваффақи тоҷик Носир Саидов ўро ба филми «Муаллим» дар соли 2014 ба нақши асосӣ даъват кард. Филм дар аксари ҷашнвораҳои байналмилалии синамоӣ иштирок ва сазовори ҷоизаҳо гардидааст. Барои ин накш ба Марат Орифов мукофоти 33-мин кинофестивали «Фаҷр» дар Теҳронро додаанд.
Ҳунарманди мардумӣ ва нотакрори тоҷик Марат Орифов дар синни 83 солагӣ 30 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Кинои тоҷик ба шарофати ҳунармандоне чун Марат Орифов дастовардҳои зиёдеро ноил гашт ва нақшҳои офаридаи ў чун намунаи беҳтарин даврони кинои тоҷик мемонад.
Дар шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар хонандагон метавонанд як қатор филмҳоро бо иштироки ин нобиға тамошо намоянд.
Адабиётҳои истифода шуда:
1.Раҳимов,С. Нури парда. – Киносервис, 2004. –247 саҳ.
2.Кино. Маҷаллаи илмӣ, бадеъӣ ва оммавӣ. – 2019. – № 1, июл.
3.Некқадамов,Т. Бозтоби чеҳраҳои дурахшони кино. – Душанбе: Аржанг. 2019 . – 248 с.
4. Ахроров А.Таджикское кино (1969-1974 гг.). – Душанбе: ЭР-граф, 2010. – 192 с.
Нигина Маҳмудова
Мутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар