Аслиддин Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши охир

        

 

 

 

 

 

 

 

 

Аслиддин  Низомӣ. Таърихи мусиқии тоҷик. Чанд иқтибос аз китоб. Бахши охир

Таи  садсолаҳо побарҷо мондани суннатҳои замзамахонӣ албатта аз он шаҳодат медиҳад,ки дар тўли даргузашти вақоеъи пурталотуми замон – ивазшавии сиёсатҳову давлатдориҳо,мазҳабҳову  ҷаҳонбиниҳо,дар баробари таъсири ҳамаи  ин тағйиротҳо, сунатҳои мусиқии мардуми тоҷик  қудрати хеле волои бадеӣ-эстетикии хешро аз даст надодаанд.

Аз ин  мушоҳидаҳо бармеояд,ки ҳунари мусиқии  қадимаи мо ҳамчун  бахши муҳими маросимҳои мазҳабӣ,ҷашнҳои шоҳона, ҳарбу зарбҳои  ҷаҳонкушоӣ ва албатта  оину маросимҳои мардумӣ ба  шумор мераванд. Ин сифати  нодири  мусиқии тоҷик то ба имрўз маҳфуз аст. Масалан , «Маддоӣ», «Нақшхонӣ», «Фалаки даштӣ», ё худ «Рубоёти Мастчоҳ»,ки яке  аз жанрҳои  зинда ва маъмули мусиқии мардумии имрўзаи мо ба ҳисоб мераванд,шояд дар тўли зиёда аз ду ҳазор сол ташаккул ёфта бошанд ва муқаррар аст,ки давоми ҳамон суннатҳои яккахонии қадим ба шумор меравад. Айнан худи ҳамин ақидаро метавон ба жанри маъруфи мусиқии  классикӣ-«Муноҷот»  низ  нисбат дод,зеро маълум аст, ки Муноҷот – ин ниёиш аст (айнан мисли замзама) ва аз ҷиҳати  услуби иҷро(масалан,истифодаи нолаҳои, ҳазин,зарбу усули вазнин,матни махсуси қоидавӣ) бешубҳа бо суннатҳои мусиқии замони  тоисломӣ решапайванд аст.

Дар баробари замзама, номи баъзе аз готҳои авестоиро олимони қадим чун «Мазору асбон» муайян намудаанд,ки маънояш «оҳанги саворон» мебошад. Масалан,Ибни Хурдодбеҳ яке аз таронаҳои замонашро зери унвони «Асброс» зикр намудааст.Маънои  «Асброс»(асб ва рос,яъне- роҳ) аз забони паҳлавӣ «Роҳи асб» мебошад, яъне маълум аст, ки ишора ба услуби мусиқӣ –шояд инъикос зарбу садои роҳгардии асб, ё худ шабеҳи давидани асб карда шудааст. Образи савора,тавсифи аспу аспсаворӣ дар фарҳанги  мо ҷои махсус дорад.

Масалан,Б Ғафуров қайд намудааст, ки «Дар ноҳияи Бухоро тангаҳои скифатии (яъне, фурӯхамида) мисин дар муомилот буд, ки дар рўяш ба сўғдӣ «шоҳ Асвар» навишта шуда буд.Мувофиқи мадракоти палеографӣ ин тангаҳо ба асрҳои 4-5 нисбат доштанашон мумкин.Номи шоҳ эронист ва маънояш «аспсавор» аст»....  

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки дар ҳафриёти бисёре  аз манотиқи  Осиёи Миёна  ёдгориҳои нодир пайдо карда шуданд,ки бевосита  ба  рамзу маъниҳои  вобаста ба образи  савора тааллуқ доранд. Масалан,дар мавзеи маъруфи Қўйқирилганқалъа (Хоразм) катибаҳои сафолии зиёде ёфт шудаанд,ки бо хати оромӣ навишта шудаанд. Дар яке аз ҳамин  қатибаҳо номи шахсе дар шакли «аспа» зикр карда шудааст,ки мазмуни он «савора»  мебошад.

Пас метавон тахмин намуд,ки  силсилаи суруду  таронаҳои  имрўзаи тоҷикон –«Савора»  (аз Шашмақом),ҳамчун таронаҳои хоразмии «Сувора», қазоқии «Жирен-ат», “Ат-чапар» ва  дигар намунаҳои  маъруфу маъмули замони имрўза  таърихи зиёда  аз ду хазорсола доранд.Образи сувора,шахсе ки барои  ба мақсад расидан воситаи босуръатро интихоб менамоянд,дар таърихи фарҳанги олам мақоми махсус  дорад. Ба ёд меорем,ки Исои Масеҳ савора  вориди   шаҳри муқаддас мегардад,пайғамбари ислом,Ҳазрати Муҳаммад(с.а) савори асби  Буроқ ба само парвоз мекунад,дар ҳамаи  марказҳои фарҳангии дунё муҷассамаҳои шоҳону бузургони таърихиро  маҳз дар шакли  савори асб таҷассум намудаанд. Метавон тахмин намуд,ки  решаҳои  ҳамин  гуна  ҷанбаи  қудсӣ пайдо кардани образи савора ба қаъри асрҳо –то рамзҳои  сурудҳои қадимии «Асброс» рафта мерасад.

Ҳамаи  ин  маълумоти  дақиқ, ки аз мазмуни Авесто бармеояд, саҳифаҳои ноаёни таърихи мусиқии моро андаке ҳам бошад,равшан месозад.

Мери Бойс,муҳаққиқи маъруфи фарҳангии пешазисломӣ,оид ба нақши мусиқӣ дар Авесто чунин  менависад: «Авестоиён навъе  адабиёти «саргармакунанда» доштанд,ки онҳоро  бо шакли  назмӣ ва ба овоз хонда мешудааст…». Маълум аст,ки ин ҷо  сухан  аз шеъру  суруд ва  таронахониҳои  мардумӣ меравад,ки барои  ифодаи  хурсандӣ ва нишот истифода  карда  мешуданд.

Муаррихон (аз ҷумла А.Берунӣ) меоранд,ки  тибқи расми  зардуштиён, фариштаи  суруд ва ситоиши  Аҳуромаздо Суруш ном доштааст ва ҳар рўзи ҳабдаҳуми моҳро «сурушрўз» мегуфтанд ва  дар  ин рўз  дар маъбадҳои  зардуштӣ ҳамин фариштаро бо дуо ёд мекарданд.Маълум  мешавад,ки ҳунари мусиқӣ  дар он замон ба мартабаи хеле баланд сазовор гардида будааст.Мо албатта  Авесторо чун манбаи асосии омўзиши  расму оин  ва падидаҳои фарҳанги  мусиқии замони қадим  эътироф менамоем ва дар ҷараёни  таҳқиқи вижагиҳои маданияти мусиқии замонҳои пешин (то охири ҳазорсолаи 1 пеш аз милод),куллии  маълумоти онро ба инобат  мегирем. Такроран  бояд  зикр намуд,ки ҳамаи мутахассисони  авестоишинос  бидуни истино чонибдори  он ақидаанд,ки шакли  матнҳои Авесторо маҳз каломи  мавзун ташкил кардааст. Готҳо бошанд,матни сурудҳо ба шумор  мерафтанд ва мўбадон онҳоро одатан бо оҳанг месуруданд.Аз хабаре,ки Страбон  нақл кардааст,маълум мешавад,ки расми барсам гирифта суруд хондан хеле қадимӣ будааст.Ў аз мушоҳидаҳояш аз оташкадаи муғон чунин нақл овардааст «…муғон дар  ин ҷо оташеро,ки ҳаргиз хомўш намешавад,нигаҳдорӣ мекунанд ва ҳар рўз  дар оташкада тақрибан як соат дар муқобили  оташ суруд мехонанд. Як баста ба чўб дар  даст мегиранд ва пардае то  поини  чона  меовезанд,ки лабҳои ононро мепўшонад».

Дар ҷараёни муқоиса бо баъзе намунаҳои сурудхониҳои мўбадони зардуштӣ,ки иддаи зиёди онҳоро муҳаққиқи маъруф Ҷон Драйпер дар саросари кишвари Эрон ҳанўз дар асри гузашта сабт  намудааст, муайян гардид,ки то имрўз сурудхонии мўбадони зардуштӣ аснои ниёиш оҳанги якнавохт дорад ва маъмулан «ҳар нотаи мусиқӣ дар муқобили як ҳиҷо қарор дорад».

Дар омади сухан  такроран бояд қайд кард,ки айнан ҳамин  гуна  услуби  сароидаи «якҳиҷоӣ» (яъне як ҳиҷо-баробари як нотаи мусиқӣ) ба ҳамаи падидаҳои  мусиқии мазҳабии олам (аз ҷумла ба мўсиқии калисоҳои масеҳӣ)  хос мебошад.Яъне бори дигар исбот мешавад,ки Авесто  бо тамоми  шаклу  шаҳоматаш пеш аз  ҳама  бо ҳунари  мусиқӣ иртиботи зич дорад.Ин ҷо бояд дар назар  гирифт,ки таърихи офарида  шудани Авесто ҳамчун падидаи бадеӣ –мазҳабӣ,давраи хеле дуру дарозро  дар бар  мегирад ва  таҳқиқотҳои солҳои охир  муайян  намудаанд ,ки танҳо бахшҳои қадимии Авесто дар ҳудуди  имрўзаи Осиёи Миёна  ва Эрони Шарқӣ офарида шудаанд.

Таҳияи Саодат НАБИЕВА, сармутахассиси шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.

 

Аз китоби Аслиддин Низомӣ: “Таърихи мусиқии тоҷик”. Душанбе, “Адабиёти бачагона”, 2014 .