Саъид Нафисӣ. Сарзамини поки ниёгонам

Дирӯз китобе дар идораи «Шафақи сурх» дидам, ки ҳамон хурсандиро ба ман бахшид ва беихтиёр маро муҳаррик шуд, ки ин чанд сатрро бинигорам. Ин китоб маҷмӯаест дар 626 саҳифа ба исми «Намунаи адабиёти тоҷик», дар Самарқанд таълиф шуда ва дар соли 1926 дар Маскав ба табъ расидааст. Гирдовардаи ин китоб алломаи муосир Садриддин Айнӣ аз аҳрори ин диёр ва аз удобаи  номии диёри хеш ва аз зумраи мафохири забони мо дар Туркистон аст. Ин китоб шарҳи аҳвол ва мунтахаби гуфтори дувисту бист нафар шуаро ва нависандагони марду зан  аз мардуми ин сарзамини ниёгони мо аст, ки нахустини эшон Рӯдакӣ – падари шеъри  порсӣ бошад  ва  охирини  онҳо  шуарои муосири Туркистон аст. Тасаффуҳи ин китоб ҳар эронӣ ва порсизабонро аз ёд кардани  савобиқи рахшандаи  забони  порсӣ мағрур мекунад.

***   ***   ***

Намедонам забони форсӣ ин қадар ширин аст ё ҳар забоне барои касе, ки ба он сухан меронанд, ҳамин ширинӣ ва гувороиро дорад. Дар ҳар сурат, ҳар вақт як китоби форсии тоза чопшударо мебинам, дар ман  сурур ва шодии махсус падид меоварад. Вале ин шодӣ дар мавқее, ки мундариҷоти китоб аз гуфтори фусаҳои қадими Эрон бошад, ду баробар аст. Мисли касе, ки аз зикри мафохири  аҷдодии худ табъан мағрур ва шодмон мешавад.Агар китобе дорои ин мазоё аз хориҷи Эрон биёяд,боз азизтар аст.

Дар шимоли  шарқии Эрони имрӯз замини бисёр ҳосилхезе воқеъ аст, ки мо дилбастагии махсус ба он дорем. Бисёре аз уламои бузург ақида доранд, ки нажоди мо яъне нажоди ориёӣ дар он сарзамин, дар домани кӯҳҳои Ҳиндукуш  ва дар канори рӯди Ҷайҳун ва Сайҳун нахустин рӯзҳои зиндагии хешро гузаронидааст. Китоби осмонии Эрони Қадим, яъне «Авасто» кишвареро нишон медиҳад, ки обу ҳавои он хулди замин буд ва аҷдоди мо нахуст дар он ҷо  парвариш ёфтанд ва ба қарина метовон ёфт, ки мурод ҳамон арзи мавъуди эрониён ва ҳамин хиттаи дилкаш савоҳили Ҷайҳун ва Сайҳун аст. Уламои таърих ақида доранд,ки мо аз он ҷо омадаем. Эрони имрӯз ба манзалаи хонаи дуввуми мост. Дар замонҳое, ки таърихи бостон ва асотири мо ёд доранд, исми ин сарзамин ағлаб бурда мешавад ва навҳии мухталифи он ҷойгоҳи Пешдодиён ва каён будааст. Дар замони Ҳахоманишиён ва пас аз он дар рӯзгори Сосониён ин  ноҳия яке аз ободтарин қисматҳои Эрон буд. Иёлоти «Бохтар» ва «Суғдиён» тамоми ин ду давраи бузурги Эрони қадимро фаро гирифтааст.

Дар қарнҳои ислом Хоразм ва Мавороуннаҳр ва Хуросон ободтарин ва номитарин иёлоти Осиёи Миёна  будааст. Дар қарни саввум ва чаҳоруми ҳиҷрӣ ду силсилаи эронии бузург-Саффориён ва Сомониён дар ин ноҳия падид омаданд ва пушти хилофати Бағдодро ин сарзамини бостонӣ шикаст. Аз он рӯз то муддати шашсад сол,яъне то авосити қарни нуҳум  ин хиттаи дилангез бузуртарин шуарои Эронро парвардааст. Рӯдакӣ пешрави ин силсила ва  Ҷомӣ охирин марди бузурги ин хонавода аст.

Шуарои Туркистон маъруфтарин ашъори форсиро сурудаанд. Шаҳрҳои бузург ва ободи ин ноҳия, ки қадимтарин шаҳрҳои Эрон шумурда мешаванд, мисли Самарқанд ва Бухоро ва Балх ва ғайра то замоне, ки авлоди Темур салтанат карданд, ҳамеша дорулилми Эрон буданд. Ҳанӯз бадеътарин ва зеботарин шоҳкориҳои меъморон ва кошисозони Эронро дар Бухоро ва Балху Самарқанд метавон ёфт. Бузургони Эрон ағлаб аз ин  сарзамин бархостанд Ҳар китоби форсиро, ки мехонем, ҳамеша моро ба ёди ин водии ниёгон меандозад, чи қадар падарони мо дар он ҷо мадфун шудаанд! То авосити қарни дувоздаҳум сатре аз таърихи Эрон нест, ки як бор исми Бухоро ё Самарқанд ва ё Балх дар он бурда нашуда бошад.Орзуи  ман  он аст, ки ин сарзамини поки  ниёгони худро зиёрат кунам ва як  бор дар умри  хеш ин забони ширини порсиро аз даҳони  самарқандиёну бухороиён бишунавам.

Он рӯзе, ки дар Теҳрон шунидем Ҷумҳурии Шӯроии Тоҷикистон  дар он сарзамини аҷдоди мо таъсис шуд, хурсанд шудем, зеро ки медонистем ҳукумати ҷадид ба мо ҳамзабон ва ҳамфикр аст ва мо ҳарду бародарем, аввалӣ Туркистон аст, ки ба манзалаи бародари мусинтар ва дуввумӣ Афғонистон аст, ки ба масобаи бародари  кӯчактар аст. Забони форсӣ аз  он ҷо  ба Ҳиндустон роҳ ёфт  ва имрӯз яке аз  забонҳои зинда ва расмии ватани бараҳманон аст.

Дирӯз китобе дар идораи «Шафақи сурх» дидам, ки ҳамон хурсандиро ба ман бахшид ва беихтиёр маро муҳаррик шуд, ки ин чанд сатрро бинигорам. Ин китоб маҷмӯаест дар 626 саҳифа ба исми «Намунаи адабиёти тоҷик», дар Самарқанд таълиф шуда ва дар соли 1926 дар Маскав ба табъ расидааст. Гирдовардаи ин китоб алломаи муосир Садриддин Айнӣ аз аҳрори ин диёр ва аз удобаи  номии диёри хеш ва аз зумраи мафохири забони мо дар Туркистон аст. Ин китоб шарҳи аҳвол ва мунтахаби гуфтори дувисту бист нафар шуаро ва нависандагони марду зан  аз мардуми ин сарзамини ниёгони мо аст, ки нахустини эшон Рӯдакӣ – падари шеъри  порсӣ бошад  ва  охирини  онҳо  шуарои муосири Туркистон аст. Тасаффуҳи ин китоб ҳар эронӣ ва порсизабонро аз ёд кардани  савобиқи рахшандаи  забони  порсӣ мағрур мекунад.

Муаллифи мӯхтарами ин китоб собит мекунад, ки дар шинохтани  шеъри порсӣ ва донистани таърихи Эрон аз саромадони ин замон аст ва низ менамояд,ки барои таълифи он бисёр заҳматҳо кашида ва чи қадар аз айёми азизи худро сарф кардааст. Китоби мазкур аз силсилаи нашриёти Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон аст ва арзиши он барои мо бисёр аст, зеро собит мекунад,ки ба қавли шоири  исфаҳонӣ ҳанӯз гӯяндагон ба забони мо ҳастанд, ки қувваи нотиқа мадад аз эшон барад!

Умдаи аҳамияти ин китоб он аст, ки як иддаи бисёр касир  аз шуарои мутааххирин ва муосирони Туркистонро ба муаррифӣ мекунад, ки бадбахтона, аз замони охир ба воситаи инқилобот ва қатъи равобити адабии мо бо Туркистон аз эшон хабари дуруст надоштем ва дар тазкираҳои охир зикре аз эшон намеравад. Барои  ҳар касе, ки дар адаби форсӣ кор мекунад, лозим аст, ки як нусха аз китоб бо худ дошта бошад ва ба ҳар эронӣ низ фарз аст, ки лоақал як бор ин китоби нафисро, ки азизтарин раҳоварди бародарони туркистонии мост,бихонанд.

Ман метавонам бо камоли ҷуръат бинависам, ки аз тарафи коффаи удабои Эрон маъмур ҳастам,орзу мекунам,ки ҳар  чи зудтар байни маҳофили адабии мо бо удабои Тоҷикистон равобити самимӣ  ва ҷовидон боз шавад ва медонам мо чӣ андоза мағбунем,ки дар  ин муддат аз  удабо ва шуарои  порсизабони  Тоҷикистон ғофил будаем.

Саид Нафисӣ муаррих, нависанда, шоир, тарҷумони аҳли Эрон аст, ки солҳои 1895 – 1966 зистааст. Узви Академияи адабиёт ва забони Эрон, профессор, муаллифи бештар аз 2 ҳазор номгӯ мақолаву китобу дастурҳои пажӯҳишӣ. Дар бораи адибони маъруфи форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Низомии Ганҷавӣ, Шайх Аттори Нишопурӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ монографияҳо навиштааст. Пажӯҳишаш дар бораи Рӯдакӣ яке аз беҳтарин асарҳои таҳқиқотӣ дар рӯдакипажӯҳишӣ ба шумор меравад.

Меъмори насри муосири Эрон меномиданд ва аз бунёдгузорони насри донишгоҳӣ мебошад, ки аз ҷумлаи вижагии ин наср  перостагии иборот дар луғат ва маъно буда, муаллиф мекӯшид андешаҳои худро чунон сода  баён кунад, ки ибороти ӯ аз ҳар гуна печидагӣ дур бошад.

Таҳияи Саодат Набиева,

сармутахассиси шӯъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар.