Китоби нав. Қурбоналӣ Ёқубов: Мактаби омӯзиши най

Дар китоби дарсии «Мактаби омӯзишии най» муаллиф бори нахуст кушиш кардааст,ки дар илми мусиқишиносии тоҷик вижагиҳои омӯзиши сози найро бодарназардошти хусусиятҳои хоси таълиму тарбия дар  мактабҳои мусиқии бачагона, мактабҳои миёнаи  махсус ва олии мусиқӣ роҳандозӣ намоянд.

Омӯзгор бо истифода аз ин китоб бояд дар дили шогирд нисбат ба таълими сози най муҳаббати  бепоёнро бедор сохта, роҳи дурусти омӯзиши онро талқин  намоянд.

Китоби мазкур аз муқаддима, 3 қисм: маълумоти мухтасар оид ба мусиқӣ, маводҳои техникӣ ва бадеӣ иборат аст.

Қисми аввали «Мактаби  омӯзишии най» барои навомӯзоне, ки таълими мусиқӣ нагирифтаанд, тартиб дода шудааст.

Дар қисми аввал шогигирдон бо садобарорӣ, апликакатураи регистрҳои паст, миёна, борик ва бориктарини сози  най шинос шуда, роҳҳои навохтани савтҳои ҷудогона ва пайвастро меомӯзанд.

Дар қисми дуюм маводи техникӣ, машқу этюдҳо барои рушди маҳорати навозандагии шогирдон дода шудааст.

Омӯхтани гаммаҳое, ки нотаҳояшон дарозии гуногун доранд, ба гурӯҳҳо  ҷудо карда, аз худ кардани гаммаҳоро бо арпеҷиояшон шогирдон аз нимсолаи 2-юм меомӯзанд.Бевосита баъд аз ин  гаммаҳо,машқ ва маводҳои бадеӣ омӯзонида мешаванд.

Дар қисми сеюм ба андозаи мураккаб шудани маводҳо дар  «Мактаби  омӯзишии най»,ки аз асарҳои композиторони тоҷик иборат аст,асарҳо барои сози най  ва асарҳои такмилдодашуда дохил гардидаанд.

Мақсади асосии муаллифи китоби «Мактаби  омӯзишии най» аз он иборат аст, ки тамоми маҳорати найнавозиро шогирд аз маводҳои машқӣ ва бадеӣ ҳосил кунад ва диққати асосии ӯ гирифтани тарбияи бадеӣ равона шавад. Муаллими сози най бояд ба рушди пайвастаи маҳорату малакаи навозаандагии шогирд, тоза садо додани оҳанг (интонатсия, иҷроиши босифати асари мусиқӣ ва бадеияти  он диққати  ҷиддӣ диҳад.

Китоби Қурбоналӣ Ёқубов “Мактаби омӯзишии най”-ро шумо метавонед дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Саодат Набиева