Муаррифӣ: Санъати мардумии Тоҷикистон
Ин китоб соли 2011 тибқи як лоиҳаи академик Раҳим Масов чоп шуд ва метавон гуфт, ки дар он солҳо китоби беназире буд дар ин мавзӯъ. Ҳадаф муаррифии санъати мардуми Тоҷикистон, таърихи ҳунармандӣ дар кишвар буд. Ин китоби арзишманд, ки саропо аз расмҳои ҷолиб иборат аст, бо сарсухани марҳум Раҳим Масов интишор ёфт ва мо ҷо-ҷо аз ин сарсуханро иқтибос меорем ва шумо, хонандаҳои азизро ба мутолиа ва тамошои китоб даъват мекунем.
Тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳои кишоварзи Осиё мебошанд, ки таърихи этникиашон бо қабилаҳои ҳиндуориёӣ алоқаманд аст. Кадимтарин маданиятҳои кишоварзӣ дар Ҳудуди Тоҷикистон ба ҳазорсолаи 6 пеш аз мелод таалуқ дорад. Аҷдодони тоҷикон –бохтариҳо, тахористониҳо, суғдҳо, портҳо,марғиониҳо, фарғонагиҳо, хоразмиҳо, истаравшаниҳо ва қабоили кӯчманчии сакоиҳо кангюиҳо дорои маданияти баланди моддӣ ва маънавӣ буданд.
Дар сарзамини Суғду Бохтар чор дини ҷаҳонӣ амал мекарданд: зардуштия,буддоӣ, насронӣ ва монавия. Дар аввали асри VIII Осиёи Марказиро арабҳо ишғол карданд ва ба ин ҷо дини нав – исломро оварданд, ки он бисёр халқҳои Шарқро дар ҳайати ҷамоати ягонаи мусулмонон муттаҳид сохт.
Дар асри VIII –IХ ташаккулёбии халқи тоҷик ҷараён дошт, забони ягонаи адабии тоҷикӣ ва истилоҳоти марбут ба санъат ва ҳунармандӣ ба вуҷуд меоянд ва онҳоро дигар халқҳои Осиёи Марказӣ қабул карда,то имрӯз мавриди истифода қарор додаанд.Дар давраи мавҷудияти аввалин давлати тоҷикон –давлати Сомониён (асри IХ-Х) фарҳанг ва маданияти тоҷикон ба авҷи аълои тараққиёт мерасад.
Дар нимаи дуюми асри XIX тоҷикон ба зери тасарруфи русҳо афтода шаклҳои нави инкишоф бархӯрдор мегарданд.Маданияти тоҷикон сифатҳои нав пайдо карда, унсурҳои аврупоӣ ва анъанаҳои шарқиро бо ҳам пайваст менамоянд. Соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро ба даст даровард. Ёдгориҳои бадеъӣ ва маснуоти ҳунармандии Тоҷикистон аз давраи неолит то имрӯз ҷузъи ҷудонашавандаи муҳити моддие мебошанд, ки инсон ҳар рӯз бо онҳо сару кор дорад ва онҳо дар худ ҳам арзишҳои маданияти моддӣ ва ҳам маънавиро таҷассум менамоянд. Онҳо дар асоси дарки воқеъият ва ҷойгоҳи инсон дар олами ҳастӣ,маънавиёти баланд,тахаюлоти ғанӣ,маданияти хаттии зиёда аз дуҳазорсола эҷод карда шудаанд.
Дар Осиёи Марказӣ дар асри IX-XII шаҳрҳо чун марказҳои сиёсӣ нисбат ба ноҳияҳои кишоварзӣ мавқеъи ҳукумронро ишғол мекардан. Онҳо на танҳо марказҳои маъмӯрӣ,балки иқтисодӣ низ буданд, чунки қисми зиёди заминдорони калон дар шаҳрҳо зиндагӣ карда, бо тиҷорат низ машғул буданд. Шаҳрҳои асримиёнагӣ аз маҳаллаҳо ва гузарҳо иборат буданд. Дар ин ҷузъҳои маъмурӣ-маишии шаҳр аз насл ба насл намояндагони як касбу ҳунар зиндагӣ мекарданд. Дар аксар маврид сокиншавӣ дар гузарҳо аз рӯи касбу–кор сурат мегирифт ва ин чиз дар номи онҳо инъикос ёфтаас: заргарон, кулолон, чамгарон ва ғайра. Пайдоиши аввалин маҳалла ва гузаргоҳои асримиёнагӣ ба давраи Сомониён рост меояд. Дар ин давра ҳунармандӣ хеле инкишоф ёфта, истилоҳоти маданӣ ташаккул меёбад. Масалан: дар охири асри XIX дар Самарқанд 96 гузар, дар Бухоро 197 гузар ва дар Истаравшан 69 гузар мавҷуд буд.
Аввалин маълумотҳо дар бораи таксимшавии ҳунармандон аз рӯи нишонаҳои истеҳсолӣ дар рисолаҳои намояндагони равияи фалсафии Ихвон ус-Сафо (нимаи дуюми асри асри IX) пайдо мешавад. Муаллифони ин рисолаҳо ҳунармандонро ба якчанд гурӯҳ тасим карда, бартарии якеро дар нисбати дигари нишон додаанд
Аз рӯи масолеҳи истеҳсолотӣ дар чои аввал заргарон ва атторон гузошта шудаанд.
Аз руи мураккабии истеҳсолот бартарӣ ба устоҳое дода шудааст, асбобҳои дақиқи ченкунӣ ба мисли устурлоб месохтанд.
Аз рӯи ивазнашаванда ва талаботи ҳамарӯза будан афзалият ба бофандагон, кишоварзон ва бинокорон дода шудааст.
Аз рӯи талаботи оммавии ҳамарӯза имтиёз ба хаммомиҳо ва фаррошҳо дода шудааст .
Аз рӯи маҳорати баландро талаб кардан, аммо фоидаи амалӣ надоштан бартарӣ ба наққошон, навозандагон, найрангбозон дода шудааст.
Ҳар ҳунар аз нигоҳи динӣ муқаддас шумурда мешуд ва пири худро дошт. Масалан: кашидадӯзон ба ҳомии худ Зӯҳро, зардӯзон ба пири пайғамбар ҳазрати Юсӯф, дуредгарон ба пайғамбар ҳазратӣ Нӯҳ эҳтиром мегузоштанд.
Китобҳо дар китобхонаҳои дарборӣ (академияи хонаводаи шоҳ), китобхонаҳои заминадорони калон ва устохонаҳои хусусии шаҳрӣ сохта мешуданд.Китобхонаҳои он замон марказҳои фарҳангие буданд,ки дар он ҷо дастхатҳо на танҳо ҷамоварӣ ва нигоҳ дошта мешуданд, балки аз ҷониби хаттотон нусхабардорӣ ва аз ҷониби саҳҳофон ҷилдбандӣ карда мешуданд. Китобхонаҳо марказҳои воқеъии ташаккулёбии санъати касби буданд. Дар ин ҷо беҳтарин нерӯҳои эчодӣ, ки инкишофи саъатро дар замонҳои гуногун таъмин мекарданд, гирд оварда шуда буданд. Шахсияти китобдор, ки фаъолияти ин муассиса ва устохонаҳои он роҳбарӣ мекард, хеле муътабар буд.Ӯ бо фармони махсуси шоҳ таъин карда мешуд ва ваколатҳои васеъ дошт.
Рангорангии этникӣ,фарҳангӣ,тиббӣ ва иқлимии кишвар дар касбу ҳунарҳои он баръало таҷассум ёфтааст. Барои шимоли Тоҷикистон нақшу нигори нафис, кандакории зариф дар чӯб, санг ва гач, нақшу нигори девор ва кундал хос мебошад. Барои ҷануби Тоҷикистон услуби боҳашамат, бонизом ва бошуқӯҳ бо мавзӯъҳои анъанавӣ ва қадим, ҳамчун ҳамбастагии рангҳои баланд гуногун хос мебошад. Санъати анъанавии Тоҷикистон вазифаи асосии худро, ки нигоҳ доштани арзишҳои таърихии гузашта ва “хотираи фарҳангии” халқ мебошад,иҷро мекунад.
Таҳияи Саноат Набиева,
сармутахассиси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар