Муаррифӣ. Ҳусейн Юсупов. “Гулбонги роз”
Аз таърихи мусиқии халқи тоҷик саҳифаҳои дурахшонеро номбар намудан мумкин аст, ки дар лавҳи онҳо садои дили мардуми ин ё он ҳавзаи фарҳангӣ, ё худ ин ё он давру замон бо оҳангу таронаҳои дилнишин ва нолаҳои пур аз меҳру муҳаббат ба зиндагӣ, ғуссаҳои ошиқона, умедвориҳои ҷавонони ноком, орзуҳои азалии некбахтӣ таҷассум ёфтаанд. Ҳавзаҳои фарҳангӣ-мусиқии Дарвозу Кангурт, Ҳисору Рашт, Зарафшону Фарғона ва дигар манотиқи кишварамон қалб аз ҳама бо хислатҳои мулаввани суруду таронаҳояшон фарқ мекунанд.
Албатта, бояд комилан эътироф намуд, ки мусиқиро дар тӯли ҳазорсолаҳо маҳз халқ меофарад ва кули навоҳои Шашмақому Фалакӣ, таронаҳои наврӯзӣ, сурудҳои маросимиро ҳунармандони халқӣ аз забони омма мешунаванд ва бо истифода аз малакаву маҳораташон сайқал медиҳанд. Дар ҳамин ҷараёни андаке ноаёни таҷрибаи сурудсозӣ оҳангу таронаҳои маъруфи мардумӣ ба вуҷуд меоянд.
Мактаби ҳунарии Хуҷандшаҳр, ки даҳҳо намояндагони асили он ба хазинаи бузурги мусиқии классики тоҷик саҳми беандоза бузург гузоштаанд, яке аз ҳамин гуна падидаҳои нодири таърихи мусиқии миллати мо ба шумор меравад. Суннатҳои асили шашмақомхонии ҳунармандони асили воҳаи Хуҷанд то ба имрӯз ба таври зарурӣ таҳқиқ карда нашудаанд.
Боиси ифтихор аст, ки бузургони мактаби мусиқии Хуҷандшаҳр – Умар Ҳофиз,Зебопарӣ, Содирхон Ҳофиз, Мақсудҷон Болтаев, Маъруфхӯҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Мирзоқурбон Солиев ва даҳҳо дигар шахсиятҳои варзидаи олами ҳунари мусиқӣ ба дунёи Шашмақоми тоҷиқӣ услуби хос ва сабки ширину беҳамторо ворид намуданд. Сабқати ин муғанниёни аср, сабки нодири шашмақомхонии устодони қадим имрӯз дар садои Ҷӯрабек Набиев идомаи хешро соҳиб гардидааст.
Ҳунари шашмақоихонӣ дар Хуҷанд аз қадим ҷузъи муҳими кулли маҳфилҳои аҳли адаб ба шумор мерафт. Сарояндагони сурудҳои классикӣ ҳамеша дар ҷараёни ҳамкориҳои пурсамари эҷодӣ бо шоирони муосир ба ашъори тозаэҷоди онҳо фавран оҳанг мебастанд ва дар ҳамин маҳфилҳо пешкаши шунавандагон мекарданд. Ин худ як намуд коргоҳи бузурги эҷодӣ буд, ки барои рушди ҳунари мусиқӣ,пайвандии савту калом ҳамчун бузург хидмат менамуд.
Дар Хуҷанд Шашмақомро дӯст медоранд, гӯш мекунанд, дарк мекунанд, эҳсос мекунанд ва аз навоҳои пурасрори он баҳра мебаранд. Ин анъанаи бузург дар шаҳр ва атрофи он муҳити басо азими ҳунаршиносиро ба вуҷуд овардааст, ки ҳамарӯза дар доираи он садҳо ҳунармандони ҷавон ва лаёқатманд дар кушиши онанд, ки бо суруду таронаҳои тоза ба тоза самъи қадршиносонаи хуҷандиёнро оро бидиҳанд. Ин кори осон набуд ва нест, зеро на ҳар овозхон ҷурати дар ин муҳит бастани оҳанг ё худ сурудани навоҳои классикиро дорад.
Бастакор кист? Ӯ дар фазои фарҳангии ин ё он минтақа чӣ рисолатеро иҷро мекунад? Мо медонем, ки Акашариф Ҷӯраев бастакор буд, ӯ садҳо таронаҳои мардумиро аз нав «коркард» намуда бо овози ширинаш ва бо садои панҷтораш вориди дунёи мусиқии ҳирфаӣ намуд. Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев низ бастакорони бузурги аср ба шумор мераванд. Аз лаҳни сурудҳои онҳо садои зиндаи ҳаёти мардуми кишвар, рӯҳияи волои халқи азизи тоҷик ба гӯш мерасад. Анъанаи бастакорӣ имрӯз низ миёни ҷавонони ҳунарманд идома доранд. Яке аз чунин фидокорони соҳаи ҳунари мусиқӣ ва бастакорӣ, муаллифи суруду таронаҳое,ки дар китоби мазкур ба нота гирифта шудаанд, Ҳусейн Юсупов мебошад.
Чуноне,ки дар болотар зикр намуда будем, яке аз суннатҳои наҷиби мактаби ҳунарии Хуҷандшаҳр – ин ҳамкории мутрибону шоирон ба шумор меравад. Аз матни шеърҳое, ки Ҳусейнҷон барои оҳанг бастан интихоб намудааст, баръало аён мегардад, ки ӯ ин суннати бузургро бо меҳру масъулият идома додаст. Аслан интихоби шеър, матни мувофиқ яке аз шартҳои асосӣ барои офаридани оҳанги суруд мебошад, зеро як сактаи беҷо, ё худ як образи номувофиқ метавонад, садои ширини сурудро барои шунаванда гӯшхарош созад. Ҳусейн Юсупов дар баробари ашъори классикон (Камоли Хуҷандӣ ва ғ.) бо шоирони давр – Лоиқ Шералӣ, Фарзонаи Хуҷандӣ, Камол Насрулло, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Аҳмадҷони Раҳматзод, Норинисо, Ҳадиса Қурбонова муддати тулонӣ ҳамкории зичи эҷодӣ доштааст ва ба иддаи зиёди ғазалу таронаҳои онҳо оҳанг бастааст.
Дар баробари ин, боиси ифтихор ва шодмонист, ки бастакорони ҷавон ба осори яке аз маъруфтарин шоирони тоҷикзабони Ҷумҳурии бародари Узбекистон Ҷонибек Қувноқов муроҷиат намуда, ба ғазалҳои ӯ оҳангҳои дилнишин офаридааст...
Матне, ки то ин ҷо хондед, аз китоби Ҳусейн Юсупов “Гулбонги роз” иқтибос шуд. Ин китоб барои муассисаҳои таълимӣ ва мактабҳои мусиқӣ, ҳамчунин дӯстдорони санъат ва ҳунари асил пешкаш шудааст.
Ҳусейн Юсупов ҳофиз в абстакори мумтози тоҷик, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, зодаи шаҳри Хуҷанд буда, ҳоло устоди факултети санъати Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мебошад ва ҳамзамон ансамбли “Навои ҷавонӣ”-и ин боргоҳи илму маърифатро сарварӣ мекунад.
Китоби “Гулбонги роз”-ро шумо метавонед дар Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Саноат Набиева,
сармутахасси шуъбаи адабиёт
доир ба фарҳанг ва ҳунар.