Тасаввури кӯдаконаи бобову бибӣ дар маҳфили “Дастони моҳир”
Нашр шуд 2019-05-20 14:56
Бахшида ба Рӯзи Оила дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Дастони моҳир» дар мавзўъи «Бобоҷон ва бибиҷони меҳрубон» баргузор гардид. Ҳадаф он буд, ки бачаҳо симои воқеъии бобову бибии худро дар коғаз тасвир кунанд. Ҳар тасвир бинише дорад саршор аз тахайюли бою рангини олами кӯдакӣ. Суоле, ки мураббиён пеши худ гузоштанд, ин буд: Бачаҳо бобо ва бибии худро метавонанд тасвир кунанд?
Аммо дар оғоз лозим омад кормандони шуъба дар бораи Рўзи Оила ба бачаҳо маълумот диҳанд ва гӯянд, ки онҳо ҳар кадом дар оилае зиндагӣ мекунанд, ки аз падару модар ва бародарону хоҳарон иборат аст. Бояд фарзандон волидони худро дӯст доранд, эҳтиром кунанд. Ва бобову бибӣ низ узви ҳамин оилаанд, ки наберагонашонро дӯст медоранд.
Дар рафти маҳфил дар бораи оила ва бобову бибиву муҳаббати онҳо ба наберагон нақлу ривоят ва афсонаҳо гуфта шуданд. Ин ҳама имкон дод, ки бачаҳо то куҷо азиз будани бобову бибиро донанд ва дар ин нақлҳо худи онҳо низ ширкат мекарданд ва дар бораи бобову бибии худ ҳарф мезаданд, шеър мехонданд:
Хонаи бобом
Канори ҷўбор,
Сари чашмасор,
Бошад намудор,
Мавҷи сафедор…
Ороста девор
Хонаи бобом,
Хонаи бобом!
Чаҳ-чаҳи мурғон,
Суруди чўпон,
Гулҳои хандон,
Қаймоқи момо
Боғи дилкушо
Хонаи бобом,
Хонаи бобом!
Баъдан муаллима ба чӣ тавр омода намудани тасвиру нақш ва симои бобову бибиро нишон дод ва бачаҳо онро бо истифода аз ширеш, картон, коғазҳои ранга ва ғайраҳо тайёр намуданд.
Шаҳноза Дониёрова,
сармутахассиси шуъбаи кўдакон ва наврасон