Activities calendar

17 мая 2019

Нависандаи халқии Қазоқистон Олжас Сулаймон дар бораи Муъмин Қаноат

 Форсӣ гўӣ, дарӣ гўи варо, 

                                ҳар чӣ мегўӣ, бигў.

 Лафзи шеъру дилбарӣ гўи варо,

                                 ҳар чӣ мегўӣ, бигў.

 Баҳри ман  танҳо забони модарист,

                               ҳамчу шири модараст,

Даргаҳи меҳру вафо

 Китоби Насими Раҷабро ,ки дар бораи ҳавлии устод Айнист,  хондам. Ин китоб ба ман  маъқул шуд, ба шавқи тамом хондам. Бисёр ба меҳр навишта шудааст. Маллиф  дар бораи Айнӣ ва ҳавлии ў дили пурмеҳр дорад, ки ваҷаб – ваҷаб қадамгоҳ аст, бо меҳру муҳаббат қадам меронад.

 Ва умед аст, ки ин меҳри нисбат ба устод Айнӣ ба хонанда,  аз ҷумла хонандаи ҷавон ҳам мегузарад, дили ўро фаро мегирад. Дар чунин мавзўъе асари

Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кори китобхонаҳои Тоҷикистон

 Дар маҷмўаи мазкур фишурдаи гузоришу андешарониҳои иштирокдорони ҳафтумин конфронси умумиҷумҳуриявии «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣ дар фаъолияти кори китобхонаҳои Тоҷикистон», ки рўзҳои 2 -3 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техники Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, шомил шудаанд.

Ба истиқболи солгарди зодрӯзи абарустод Муъмин Қаноат

Бояд дар дарвозаи Сталинград ҳайкали Қаноатро аз хишти тилло гузошт ва достонашро дар девораш бо оби зар навишт.

Евгений Евтушенко, шоири маъруфи руст

СУРУШИ СТАЛИНГРАД

СУРУШИ ЧОРУМ Матвей Путилов

Ганҷи Қорун, ки фурў меравад аз қаър ҳанӯз...

 Ганҷи Қорун тибқи ривоиёт сарвати беандоза азиме аз симу зар, ки Қорун ба василаи ҳунари кимиёгарӣ гирд оварда буд. Аз рўи баъзе қиссаву ривоятҳо Ганҷи Қорун фарогири 440 ҳазор набон (халта) тиллову нуқра буда, калидҳои дари хазинаҳои Қорунро 40 шутур мекашиданд. Тибқи дигар қиссаву ривоятҳо, Ганҷи Қорун иборат аз 70 ҳазор деги рўйини пур аз зар буд, ки дар хонаҳо ниҳода, ҳар хонаро бо як калиди аз як мисқол тилло сохташуда қуфлкарда буданд, нуҳ марди паҳлавон мебоист, то

Турсунпўлод Аминӣ Истаравшанӣ кист?

 Амини Истаравшанӣ тахаллус, ном ва насаб Аминҷонов Турсунпўлод Турдимуродович аст, ки агар умр вафо мекард, имсол ба 70 қадам мегузошт. Мавсуф 25-уми майи соли 1949 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) дида ба олам кушодааст. Солиёни дароз дар Кумитаи давлатии телевизион ва радио кор мекард, аз ҷумлаи журналистони соҳибқалам буд. Ва шеър ҳам менавишт.

Корманди шоистаи Тоҷикистон (1994). Хатмкардаи УДТ

Ғоибназар Паллаевро ҳам шиносем

 Ғоибназар Паллаев имсол ба синни 90 медаромад, агар тарки ин олам намекард.  Як сиёсатмадори муваффақи замони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Зина ба зина то вазифаи Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон расид. Аммо аввали солҳои 90-и асри гузашта, дар айёми бедории афкори мардум ва дар пайи тазоҳуроти моҳи феврали соли 1990 аз вазифа канор рафт. Дигар ба мансабаш барнагашт. Чун соле баъд Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам аз ҳам пошид, қаламрави кишвари шӯроҳо ба таҳаввулоти сиёсии

Газетаи деворӣ, яъне чӣ?

 Газетаи деворӣ, газетаи дасхат ё чопӣ, ки дар муассисаю корхонаҳо, хоҷагии деҳқонию ташкилотҳо, мактабҳои миёнаву олӣ бароварда мешавад. Газетаи девориро маъмулан, як нусха бароварда, дар девор ё тахта (стенд)-и махсус меовезанд. Газетаи деворӣ ҳафтавор, даҳрўза, дуҳафтаина, моҳона ва баъзан ҳаррўза мешавад. Газетаи деворӣ дар собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон, солҳои аввали Ҳокимияти Шуравӣ пайдо шуд.