Газетаи деворӣ, яъне чӣ?

 Газетаи деворӣ, газетаи дасхат ё чопӣ, ки дар муассисаю корхонаҳо, хоҷагии деҳқонию ташкилотҳо, мактабҳои миёнаву олӣ бароварда мешавад. Газетаи девориро маъмулан, як нусха бароварда, дар девор ё тахта (стенд)-и махсус меовезанд. Газетаи деворӣ ҳафтавор, даҳрўза, дуҳафтаина, моҳона ва баъзан ҳаррўза мешавад. Газетаи деворӣ дар собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон, солҳои аввали Ҳокимияти Шуравӣ пайдо шуд.

 Газетаи деворӣ ҳаёти  коллективро инъикос намуда, дар тарбияи коргарону мактабиён ва барои иҷрои вазифаҳое, ки дар назди онҳо истодаанд, ёрӣ мерасонад. Он маъмулан дар варақаи шакли А1 бароварда ба иду ҷашнҳо (ҷашни Наврўз, Иди модарон, Рўзи муаллимон, Рўзи  Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра) ё дигар воқеаҳои ҷорӣ бахшида мешавад.  Дар қувваҳои мусаллахи ИДМ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон газетаи девориро «Варақаи ҷангӣ» меноманд. Газетаи деворӣ на танҳо воқеъаро таҷассум менамояд, балки ба он баҳо дода, ҷиҳатҳои хубро дастгирӣ мекунад. Ба масъалаҳои мураккаб дучор гардида, онҳоро сарфи назар намекунад, балки сабабҳояшонро пайдо намуда, барои ҳалли онҳо мусоидат менамояд. Газетаи девории мактабӣ дар таълим ва корҳои ҷамъиятии  мактаб саҳми арзанда дорад. Он дар ҷои намоён овехта мешавад.

 Газетаи девориро ҳайати таҳририя номгузорӣ мекунанд ва дар ҳамаи ҳолатҳо садои шўрои фаъолони мактабро инъикос менамояд. Газетаи деворӣ ёвари фаъоли сарвари мактаб, муаллимон ва талабагони беҳтарин буда, дар атрофии худ талабагони фаъолро муттаҳид мекунад ва дар мактаб коллективи тифоқро ба вуҷуд меорад, синфҳоро ба корҳои эҷодӣ ва шавқовар раҳнамун месозад.

 Газетаи деворӣ дар асоси ҷамъиятӣ бо роҳбарии муҳаррир ва бо иштироки фаъолонаи мухбирон сомон меёбад. Ҳайати таҳририя интихобӣ буда, аз муҳаррир, ҷонишини муҳаррир ва якчанд узв иборат аст. Мақомоти дахлдор бо мақсади беҳтар шудани мазмуну мундариҷа ва ороиши Газетаи деворӣ озмуну азназаргузарониҳо ташкил мекунанд, ки ин тадбирҳо барои беҳбуди кори газетаҳо ва такмили маҳорати мухбирону аъзои ҳайати таҳририя мадад мерасонанд.

Бозчоп аз Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, 2015. – Ҷ.4. – С. 132-133.

Таҳияи Дилороҳ Сайдамирова,

Корманди шуъбаи библиографияи миллӣ.