Гесў печа, мила, кокул, мўи дарози бофтаи занон. Муаллифи «Фарҳанги Онандроҷ» гўяд: «Гесў мўи дарозе, ки аз ҷониби сар кашида бошад ва ин ғайр аз зулф аст». Айни ҳамин мазмун дар «Ғиёсу- л- луғот» низ омадааст. Одати доштани гесўи дароз дар байни занони тоҷик аз қадим маъмул буд. Дар тўли таърих дар байни тоҷикон шаклу намудҳои гуногуни