Аз 14 то 18 майи соли равон як ҳайати бонуфуз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Конфронс оид ба муколамаи тамаддунҳо дар Осиё”, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашт, ширкат намуд. Китобхонаи миллиро дар ин ҳамоиш Сардори Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Абубакр Аминов ва сардори шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ Зафар Саидов намояндагӣ карданд.
Нашри дуюми китоби Си Ҷинпин-Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, Котиби Генералии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин “Дар бораи дипломатияи миллии Чин, ибтикори як камарбанд – як роҳ” ва ҷомеаи сарнавишти ягонаи башарият” аз чоп баромад. Нашри дуюми китоб бо сарсухани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интишор ёфтааст. Ин сарсуханро, ки аслан иқтибос аз рӯзномаи чинии “Жэнмин