Тафреҳ: Панҷ ғазали хуб аз Саййидои Насафӣ

Дар дили мо гар намеоӣ ба чашми мо биё,

Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё!

Хок дар чашмам занад наззора ҳамчун гирдбод,

Эй насими пираҳан, аз домани саҳро биё!

Аз тапидан рехт зери дом болу пар маро,

Бар сари сайди худ, эй сайёди бепарво биё!

Синаро чун лола аз доғат чароғон кардам,

Дар чаман баҳри тамошо, эй гули раъно биё!

Аз нигоҳам метавон сайри гули бодом кард,

Чашм дар роҳи туам, эй наргиси шаҳло биё!

Хонаи дил кардам чун саҳфаи оина соф,

Як шаб аз баҳри Худо, эй шамъи базморо, биё!

Рӯзгоре шуд, ки чашми Сайидо маъвои туст,

Офтобӣ, дар мақоми худ биё, танҳо биё!

                  ****    ****    ****

Нафси саркашро мусаххар ақли пуртабир кард,

Саг чу шуд девона онро метавон занҷир кард.

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,

Охир ин беззатӣ бар Кӯҳкан таъсир кард.

Беибо натвон ба базми тундхӯён по ниҳод,

Бе муҳобо такя натвон бар дами шамшер кард.

То ба пои хум нарафтам, соғарам ёрӣ надод,

Дастгирӣ бо мани афтода рӯҳи пир кард.

Мераванд аҳли тамаъ дар базмҳо девонавор,

Метавон дарҳои меҳмонхонаро занҷир кард.

Қомати хилватнишинон мекунад кори камон,

Метавон мисвоки зоҳидро нишони тир кард.

Водии девонагӣ ҷойи фароғат будааст,

Хоби роҳат пой то хонаи занҷир кард.

Сайидо, ризқи ҳунарвар мерасад дархӯрди кор,

Рӯзии Фарҳодро гардун зи ҷӯйи шир кард.

                   ****    ****    ****

Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад,

Теғи бедоди ту аз дасти аҷал об хӯрад.

Дар ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ,

В-арна Рустам зи чӣ боис сари Сӯҳроб хурад?

Қатраи май сари Масур баровард ба дор,

Вои он кас, ки ҳама умр майи ноб хӯрад.

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Сайидо печиши он зулф ба он рух, зи чӣ рӯст?

Мӯй бар шуълаи оташ чу фитад, тоб хӯрад.

         ****    ****    ****

Сарвро шамшоди қаддаш маҳв чун тасвир кард,

Обро мавҷи хиромаш пой дар занҷир кард.

Эй дами субҳи қиёмат ин ҳама таъхир чист,

Посихотирдории суҳбат маро дилгир кард.

Ҳар сари маҳ бо сари хамгашта мегӯяд ҳилол:,

«Гардиши айём моро дар ҷавонӣ пир кард».

Он камонабрӯ ғазабнок аз сари кӯям гузашт,

Чун ҳадаф лавҳи мазорамро нишони тир кард.

Мӯҳтасиб мурду суроҳӣ саҷдаҳои шукр кард,

Шишаро аз бода холӣ марги ин бепир кард.

Сайидо дунёпарасонро нагардад нав либос,

Чуғз натвонад ба худ вайронае таъмир кард.

                            ****    ****    ****

Ҷон зи дунболаш зи ҷисми нотавонам меравад,

Эй табибо, хайрбодам кун, ки ҷонам меравад.

Менишинам бар сари роҳаш намоён чун нишон,

Ҳар куҷо чун тир, он абрӯкамонам меравад.

Лаззати пайкони ӯ азбаски дорам бар ҷигар,

Пеш-пеши новаки ӯ устухонам меравад.

Хонаҳои худро, эй қумриён оташ занед,

Аз канори бӯстон сарви равонам меравад.

Мекунад имрӯз ҳушу ақли ман аз ман видоъ,

Бори худро баста фардо корвонам меравад.

Шуд яқин, кори мани бемор акнун бо Худост,

Аз сари болин табиби меҳрубонам  меравад.

Хоҳам аз баҳри саломат рафтанаш гӯям дуо,

Ҷавҳари гуфтор аз теғи забонам меравад.

Ҳамчу нақши пой, хоҳам кард худро поймол,

Сӯйи гулшан, баски шоҳи арғувонам меравад.

Сайидо, рӯзи видоаш чун тасаввур мекунам,

Ашки нокомӣ зи чашми хунфишонам меравад.

Барчаспҳо: