«Мехоҳам, бо камоли ифтихор зикр намоям, ки тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги баланди китобдориву китобхонӣ буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳараки пурқиммат эҳтиёт мекарданд.
Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нуру донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Воқеан дар замони муосир китоб, ки мояи асосии донишу хирад мебошад, пушту паноҳ ва сипари давлат ва халқ маҳсуб меёбад. Ин маъниро сардафтари адабиёт муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ собит намудааст. Вай бо дили хунину сари шўрида бо китоби арзишманди хеш «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ибтидои қарни бистум ба дифои халқи тоҷик бархоста, ба дигар миллатҳо исбот кард, ки аз қадимулайём миллати тоҷик соҳибкитобу соҳибхирад будааст. Аз ҳамин нуқтаи назар, аҳли илму адаб, инсонҳои бофарҳанг, равшан фикрони таҷрибадор, муҳаққиқон, мутахассисон, собиқадорон муаллифони асосии китоб мебошанд. Дар шароити ҷаҳони ноороми имрўза масъулияти рушанфикроне, ки ба таълифу эҷод ва интишори китоб машғуланд, дучанд мегардад, чун ки онҳо ҳамавақт дар сафи пеши корҳои созандагӣ, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва инсонӣ қарор доранд.
Дар ташаккул ва рушди фарҳанги китобхонӣ нақши хонавода омили бисёр таъсир бахш аст. Хонавода беҳтарин муҳит барои тарбияи насли наврас буда, иртибот байни наврасон ва волидайн нерумандтарин иртибот ба ҳисоб меравад. Муҳит ва шароити хонавода, роҳҳои тарбия, тарзи тафаккур ва мавқеи волидайн дар баланд бардоштани ҷаҳонбинии ҷавонон нақши бориз дорад. Робита бо мутолиа, китобхонии ҷавонон, мавҷудияти китоб ва дастрасӣ ба он ҳамчун сатҳи иқтисодӣ ва пойгоҳи иҷтимоии хонавода барои ҷалб ба мутолиаи китоб нақши босазо дорад. Нақши мактаб ва низоми омўзишӣ низ дар густариши китобхонӣ бузург аст. Пас аз хонавода, душвортарин вазифа дар ривоҷи китобхонии ҳар ҷомеа бар ўҳдаи мактаб, ниҳодҳои таълиму тарбия ва махсусан, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст. Агар донишомўзии хонанда дар мактаб бо китоб оғоз ёфта, бо мутолиа ва худомўзӣ идома ёбад, ў дар тамоми даврони зиндагӣ аз мутолиаи китоб даст намекашад. Омили дигари равнақи фарҳанги китобхонӣ нақши китобдорон ва китобхонаҳо ба шумор меравад. Агар китобдорон аз илми китобдорӣ бархўрдор бошанд, бешубҳа ҳамчун устод дар ташаккули зеҳн ва маърифати хонандагон метавонанд саҳми муносиб гузоранд. Аз ҷониби дигар, китобхонаҳо дар сурати ташаккули фонд аз ҳисоби китобҳои муносиб ва китобдорони мутахассис ва таваҷҷуҳ ба ниёзҳо метавонанд омили муассир дар ташвиқи қишрҳои мухталифи мардум ба мутолиа шаванд. Азбаски мо аз зумраи халқҳои қадимтарини соҳибкитоб ҳастем, мақому манзалати илму ҳунар дар байни мардум волост. Ҳама, бахусус ҷавонону наврасон кўшиши илм омўзӣ доранд, новобаста аз вазъи иқтисодию иҷтимоии хеш, ҳунарҳои наву замонавиро аз бар менамоянд ва омодаанд ба халқи хеш хизмат кунанд. Ҳамин ватандўстиву меҳанпарварӣ, ки аз донишомўзӣ, ҳунармандӣ ибтидо мегирад, маҳз дар китобхона тарбият мешавад.
Агар мабодо китоб гуё бошад дар мавриди китоббезорон, чунин нидо мекард:
- Ба ҷойи он ҳама умедвориҳо, интизорӣ кашиданҳо барои як хонанда ба тамошои ин манзара ҳасрату ғазабу буғз домангирам мешавад ва дигар чизе аз дастам намеояд. Онҳо бошанд, назди дастархони пурнозу неъмат нишаста, механданду меболанд ва бо ин ғофилӣ аз имрўзу фардо ғарқи дунёи андешаҳои пучу тиҳӣ ҳастанд.
Хайр, ихтиёрашон. Ҳарчанд ман умедамро аз дидори хонандаи арзанда ҳанўз накандаам, вале дилам ба соҳибе, ки маро асири ин хона карда, бо дўстонаш айшу тараб дорад, ва ба сўям ҳатто нимнигоҳе намекунад, реш-реш мешавад, фардояшон чӣ гуна хоҳад буд? Намедонам. Хеле хавотирам.
Зафари ШАРИФ, мудири кафедраи
китобхонашиносӣ
ва библиографишиносии
ДДФСТ ба номи М. Турсунзода.