Ифтитоҳи китобхонаи адабиёти бадеӣ дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат
Нашр шуд 2021-03-15 15:43
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо дастгирии раёсати донишкада Китобхонаи адабиёти бадеӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи китобхона, ки бо ибтикори факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ таъсис ёфтааст, раёсати донишкада, аҳли илму адаб ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ пас аз буридани лентаи рамзӣ меҳмононро ба тамошои китобхона даъват намуда, иброз дошт, ки тоҷикон аз азал миллати соҳибкитоб буда, ниёгонамон китобхониро гиёҳи рӯҳи инсон номидаанд. Ба гуфтаи мавсуф, яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ, савияи дониш ва ҷаҳонбинии мардум таъсис додани китобхонаҳои адабиёти бадеӣ мебошад. Имрӯз китобхонаҳо бояд барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намудани аҳли ҷомеа нақши муассир бозанд.
Зикр гардид, ки айни замон Китобхонаи адабиёти бадеӣ дорои наздик ба 500 нусха китоб буда, онҳо аз рӯйи номинаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷо ба ҷо гузошта шудаанд.
Аз китобхонаи мазкур устодон, магистрон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), унвонҷӯён ва кормандони донишкада истифода бурда метавонанд.
Ҷамил ВАЛИЕВ,
Шариф НАБОТОВ,
устодони МДТ «ДДФСТ ба номи
Мирзо Турсунзода»