Маҳфили “Ҳамешабаҳор”: “Баҳори Ширин Бунёд”
Нашр шуд 2019-12-23 09:44
Бо ибтикори Шӯъбаи Кӯдакон ва наврасони муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ ва ҳафтавори “Пайрав” дар мувофиқа бо Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21- уми декабри соли 2019 нишасти навбатии маҳфили ҲАМЕШАБАҲОР таҳти маҳфилороии устод Хайрандеш бахшида ба ҳаёт, рӯзгор ва пайкори шоири пӯёи Бадахшон Ширин БУНЁД таҳти унвони “Баҳори Ширин Бунёд” дар маркази Исмоилия воқеъ дар шаҳри Душанбе бо шукӯҳу ҷалоли хоса баргузор гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки маҳфили мазкур бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода Ҳамро баргузор гардид.
Дар маҳфил дӯстдорони каломи ноб, ҳаводорони шеъру адаб фарзандони шоир ҳузур доштанд. Замзамаҳои дилрабо ва таранумҳои ҳунарпешагон ҷараёни маҳфилро ҳолу ҳавои дигаре мебахшид. Воқеан чанд лаҳзае сухан аз ишқ буд, аз шеър буд ва фазое ба ширинии Ширин!
Зимни баргузории маҳфил дӯстони Ширин лаҳзаҳои хотирмону мондагори хешро нақл намуданд. Дар маҳфили адабии мазкур муовини раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа ва собиқ раиси ВМКБ Шодавлат Шодавлатов ҳузур доштанд, ки лаҳзае чанд аз хотироти хеш бо шоир қисса карданд.
Созу навои сарояндагон Исмоил, Давлат ва Соҳиб Назриевҳо фазои маҳфилро мутантан сохта буд. Фарзандони шоир номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сомони Бунёд ва аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви иттифоқи журналистони Тоҷикистони Шарифаи Бунёд аз баргузоркунандагони маҳфил, аз дастандаркорон ва аз ҳозирин изҳори арзу сипос намуданд.
Дар ҷараёни маҳфил баҳсҳо дар атрофи эҷодиёт ва ҳаёту фаолияти шоири халқии Тоҷикисто Ширин Бунёд сурат гирифтанд. Иштирокчиёни маҳфил ба таври бояду шояд дурахшиданд, ки дар ин миён ғолибон бо тӯҳфаҳои хотирмону ҳадоёи пулӣ сарфароз гардиданд.
Гуфтанист, ки Ҳ А М Е Ш А Б А Ҳ О Р маҳфилест бо синаи машрӯҳ дари хеш ба сӯи тамами ақшори ҷомеа кушода ва дар паи кашфи истеъдодҳои нуҳуфтаи наврасон ва қаламкашони ҷавон, ҳатто бузургсолон аст. Ҳамешабаҳор аз ибтидои таъсис, ки онро устоди фарҳехтаву фурӯтан Хайриддин Хайрандеш 38 сол муқаддам роҳандозӣ намудаанд даҳҳо ситорагони адабиётро тақдими ҷомеа намуда ва ба сурати занҷираӣ пайваста амал мекунад.