Даргузашти Салими Найсорӣ-яке аз бузургтарин ҳофизшиносони олам

 Устод Салими Найсорӣ аз устодони забон ва адаби порсӣ ва аз ҳофизшиносони баном дар 98-солагӣ даргузашт. Ба гузориши “Мардумсолорӣ Онлойн” номи Найсорӣ дар торихи адабиёти Эрон бо номи Ҳофиз гиреҳ хӯрдааст, зеро ки пажӯҳишҳои борикбинонаи ӯ даре тоза ба ҷаҳони ҳофизпажӯҳӣ гушуд. Виросте, ки зиндаёд Найсорӣ аз девони Ҳофиз ба даст додааст, дар канори вирости зиндаёд Парвизи Нотил-Хонларӣ аз беҳтарин виростҳои то ба имрӯз чопшудаи девони Ҳофизанд.

   Ҳар касе, ки бо дастнивиштҳои куҳани порсӣ сару кор доштааст, медонад, ки ҳамсанҷии дастнивиштҳои куҳан коре душвор ва замонбар аст ва ба донише фарох низ ниёз дорад. Дар ин замина, устод Найсорӣ бо ранҷе бисёр 50 дастнивишт аз девони Ҳофиз дар садаи нуҳумро гирд овард, онҳоро бо якдигар ҳамсанҷид ва пас аз 30 сол кори шабонарӯзӣ бар пояи ин 50 дастнивишт “Дафтари дигарсониҳо дар ғазалҳои Ҳофиз”-ро дар ду дафтар нивишт ва девони Ҳофизро низ бар ин поя виросту чоп кард.

   Найсорӣ худ дар дебочаи “Дафтари дигарсониҳо дар ғазалҳои Ҳофиз” дар бораи дигаргуниҳое, ки рӯнивискунандагони ғазалҳои Ҳофиз дар ин ғазалҳо падид овардаанд ва боистагии кӯшиш барои пероишу зудудани ин афзудҳо аз сурудҳои Ҳофиз чунин нивиштааст: “Аз замоне ки он дӯст ва мусоҳиби Ҳофиз (Муҳаммади Гуландом) ба тадвини ашъори Ҳофиз ҳиммат гумошт, беш аз шишсад сол мегузарад. Пас аз даргузашти Ҳофиз (791 қ) то фосилаи чаҳорсад сол, ки ҳануз санъати чоп роиҷ нашуда буд, шеъри Ҳофиз беш аз ҳар китоби шеър рӯнивисӣ шуда ва ба дасти ҳар котибе хоста ё нохоста дастхуши дигаргуниҳое гардидааст. Дар фосилаи дивист соли ахир низ, ки аз давраи ривоҷи чоп мегузарад, девони Ҳофиз беш аз ҳар матни шеъри дигар ба кисвати чоп ороста шуда, вале аз нуфузи авомили таҳриф ва тасарруф дар калимоти он коста нашудааст… Танҳо роҳи дастёбӣ ба матне, ки бештар мавриди вусуқ ва эътимод бошад, кӯтоҳ гардонидани фосила то маншаи аслӣ ва парҳез аз рахнаи тасарруфот ва тағйироте аст, ки тайи қуруни мутаохир дар девони Ҳофиз рух додааст… Кӯшиши арзанда дар боби тадвини ғазалҳои Ҳофиз он аст, ки то ҳадди имкон таркиботи зоид ва илҳоқӣ аз аҷзои нобу асили ин сурудаҳо сутурда шавад.” (Дафтари якум. рӯяҳои 9 то 10).

Нигоҳе ба як зиндагӣ

   Найсорӣ омӯзишҳои нахустинро дар Табрез гузаронд ва пас аз пушти сар гузоштани озмунҳои донишсарои Табрез ба Теҳрон омад ва коршиносии хешро дар соли 1321 дар риштаи “Адабиёти форсӣ ва улуми тарбиятӣ” гирифт. Сипас ба Урупо ва Омрико рафт ва саркоршиносии худро аз Донишгоҳи Ландан ва дуктуроашро дар риштаи “Забоншиносӣ ва улуми тарбиятӣ” аз Донишгоҳи Индиёнои Омрико гирифт.

   Найсорӣ пас аз гирифтани коршиносӣ дар вазоратхонаи фарҳанг дар корҳое ҳамчун дастёри вижаи вазир, раиси идораи дафтари вазоратӣ, бозраси вазоратӣ ва ройзани вазир ба кор пардохт. Вай дар соли 1335 донишёри Донишсарои олии Теҳрон шуд. Дар соли 1336 ба Порис рафт ва дар дабирхонаи ЮНЕСКУ дар симати раиси идораи ёриҳои фаннӣ ба кор пардохт. Дар соли 1344 ба Эрон бозгашт ва мудири кулли равобити фарҳангии вазоратхонаи омӯзишу парвариш гардид. Дар 1346 ба радаи устодӣ расид ва ба Донишкадаи улуми тарбиятии Донишгоҳи Теҳрон рафт. Ӯ дар 1356 аз сӯи Донишгоҳи Теҳрон ва Вазорати фарҳангу ҳунар ба ройзании фарҳангии Эрон дар Туркия гумошта шуд. Зиндаёд Найсорӣ дар соли 1359 худро бознишаста кард, то замоне бештарро бар пажӯҳишҳои адабӣ бигзорад. Замоне ки ишон даргузашт, ҳамванди пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ буд.

   Бархе аз нибегҳои чопахшшудаи зиндаёд устод Найсорӣ чунинанд:

* Баргузидаи насри форсӣ
* Торихи адабиёти Эрон баъд аз ислом: Аз истилои араб то ҳамлаи муғул, 2327
* Сухани Ҳофиз, 1327
* Дарси иншои форсӣ барои дабиристонҳо ва донишсароҳо, 1327
* Форсӣ ёд бигиред, 1334
* Роҳнамои муколимаи инглисиву форсӣ, 1335
* Роҳнамои муколимаи форсиву инглисӣ, 1335
* Китоби аввали форсӣ, 1335
* Рубоиёти Умари Хайём, 1341
* Намунаҳое аз осори ҷовидони шеъри форсӣ, 1344
* Усули тамрини дабирӣ ва куллиёти равиши тадрис дар дабиристон, 1344
* Тадриси забони форсӣ дар дабистон ё омӯзиши ҳунарҳои забон, 1344
* Форсӣ ёд бигиред: Муколимоти инглисӣ ба форсӣ, 1344
* Ғазалҳои Ҳофиз, 1353
* Куллиёти равиши тадрис дар дабиристон, 1355
* Муқаддимае бар тадвини ғазалҳои Ҳофиз: 1367
* Дафтари дигарсониҳо дар ғазалҳои Ҳофиз: баргирифта аз чиҳилу се нусхаи хатии садаи нуҳум, 1383;
* Дафтари дигарсониҳо дар ғазалҳои Ҳофиз: баргирифта аз панҷоҳ нусхаи хаттии садаи нуҳум, 1383
* Дастури хатти форсӣ: Пажӯҳише дар бораи пайвастагии хатти форсӣ бо забони форсӣ, 1374
* Девони Ҳофиз: Бар асоси чиҳилу ҳашт нусхаи хатти садаи нуҳум, 1377
* Девони Ҳофиз бо минётурҳои Маҳмуди Фаршчиён ва хушнивисии Амираҳмади Фалсафӣ ва тарҷума ба инглисии Ортур Ҷон Орберӣ ва Томас Одомз, 1382
* Нусхаҳои хаттии Ҳофиз (садаи нуҳум), 1390
* Табсирае бар тадвини ғазалҳои Ҳофиз, 1392

   Зиндаёд Найсорӣ аз 1320 бад-ин сӯ ба омӯзишу пажӯҳиш дар забон ва адаби порсӣ рӯй овард. Ӯ бо нивиштани нибегҳое дар 1334 ва 1335 аз пешгомони омӯзиши навини забони порсӣ ба нопорсизабонон буд. Вай ҳамчунин аз пешгомони пажӯҳишҳои донишӣ дар шеваи нивиштани дабираи порсӣ буд.

   Устод Найсорӣ дар бахше бузург аз зиндагии дарозу пурбори худ ба густариши забону адаб ва дабираи порсӣ пардохт ва эрониён ва порсизабонони ҷаҳонро аз дониши саршори худ баҳраманд сохт. Равони ӯ шод бод, ки хидмате мондагор ба забони миллӣ кард.

Баргирифта аз Порсӣ Анҷуман

Матни асл ин ҷост: https://parsianjoman.org/cyr/?p=2135

Барчаспҳо: