Китоб - хазинаи тамаддуни инсоният
Китоб ганҷинаи бебаҳоест, ки инсон ба он дилбастагии амиқ дорад. Он таҷҷассумгари бурду бохтҳои зиндагӣ, сарвати ҷаҳони маънавӣ ва раҳнамоест, ки ҷомеаро аз ҷиҳати маънавию идрок неруманд сохта, баҳри дарёфти ормонҳои олии инсонӣ ёвару маслиҳатгари беғараз мебошад. Бунёди ҷомеаи мутамаддин бидуни китоб имконнопазир аст. Аз ин рў дар кишварҳои мутамаддин ба эҷоди китобу дастраси умум гардонидани он таваҷҷуҳи зиёде зоҳир менамоянд. Китобхона бошад ҳамчун муассисаи муҳимми илмӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва тарбиявӣ дар ғанӣ гардидани ҷаҳони маънавии инсонҳо нақши калидӣ бозида, хусусиятҳои иҷтимоӣ пайдо кардани китобро баррасӣ менамояд.
Тоҷикон аз қадимулайём соҳиби фарҳанги олии китобу китобдорӣ буда, ба ҳама гуна осори хаттӣ арҷу эҳтиром гузоштаанду мегузоранд. Китоб барои миллати тамаддунофари мо ва аҷдоди соҳибфазлу донишварамон ҳамчун шиноснома ва нишони ҳастиву бақо пазируфта шудааст. Матлаби ёдшударо сухани пандомўзонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит месозад: «Китоб дар назди мардуми мо чунон қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд. Бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ў ва дар гирудори зиндагӣ ҷавшани танаш бошад. Ин анъанаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад».
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои неки китобу китобдорӣ, бунёди китобхонаҳои нав, нашри силсилаи асарҳои бадеӣ, адабӣ, илмӣ, таърихӣ, таълимӣ ва анвои дигари китобҳо вусъати ҳамаҷониба меёбанд ва соҳаи китобдорӣ дар мамлакат беш аз пеш рў ба инкишоф меорад.
Тазаккур бояд дод, ки сарчашмаи донишу маърифати ҷавонон аз оила оғоз мегирад. Зеро ҷавонон дар кадом муҳите, ки ба воя расанд, ба он пайравӣ мекунанд. Барои ин, пеш аз ҳама, падару модарон ба тарбияи фарзанд бояд диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар баробари ба воя расонидани фарзанд, ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ӯ низ бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз овони кӯдакӣ то ба мактаб рафтан онҳоро ба шунидану азхуд кардани мазмуну муҳтавои китоб одат кунонанд. Барои дар рӯҳияи китобхонию китобдӯстӣ ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии наврасону ҷавонон китоб нақши муҳим мебозад. Гузашта аз ин, мо бояд дар зодрӯзу дигар ҷашнҳо дар баробари ба фарзандонамон харидани туҳфаҳо китоб низ тақдим намоем. Ё дар ин рӯз як бор андеша кунем, ки охирин бор кай ба фарзандамон китоб харидем ё онро туҳфа кардем?
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифу фарҳанг ин тарбияи насли ояндасози миллат дар рӯҳияи созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, равона сохтани майл ва завқу рағбати онҳо ба донишомӯзӣ, баҳрабардории ҳарчи бештари кӯдакону наврасон аз дастовардҳои илмию техникӣ, техника ва технологияи муосир ба шумор меравад. Тавре ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: «Моро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии санъату ҳунар, осорхонаву китобхонаҳо, театрҳо ва марказҳои фарҳангиро беҳтар гардонем, аҳли ҷомеаро ба ин муассисаҳо ҳарчи бештар ҷалб кунем ва бо ин роҳ ба раванди баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасози миллат ва рушди фарҳанги миллӣ такони ҷиддӣ бахшем».
Зикри як нукта муҳим аст, ки бо ташаббуси Пажўҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо унвони «Китоб ва ташаккули фарҳанги иттилоотӣ дар замони муосир», дар ҳошияи Намоишгоҳи сеюми байналмилалии китоби Душанбе, 5 сентябри соли 2013 бо ширкати олимон, донишмандон, ноширон, мутахассисону дастандаркорони умури китобу китобдорӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур академикҳои Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллоев, Ирина Каримова, Файзулло Шарифзода, докторҳои илми педагогӣ, профессорон Бибиҳафиза Маҷидова, Сафар Сулаймонӣ, доктори илми филология Мурод Муродӣ, номзадҳои илми педагогӣ Бозорбой Холов, Шариф Комилзода, Шосаидзода Сафар, Сайфиддин Камолзода, Фозил Ёров, Ғуломзода Қурбон ширкат ва суханронӣ намуда, дастовардҳои китобу китобдорӣ ва мавқеи он дар ҷомеаи Тоҷикистонро аз манзари истиқлолияти кишвар баррасӣ намуданд. Ишора гардид, ки маҳз тавассути соҳибистиқлолӣ ва заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар анъанаи китобхонӣ ва китобдўстӣ эҳё гардид ва ҳамакнун китоб манзалат ва эътибори худро бори дигар дар кишвар пайдо намуд. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуданд ва китобхонаҳои нав ба фаъолият шурўъ намуда, корвони китоб ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ фиристода мешавад. Наврасону ҷавонон ва калонсолон дастрасӣ ба китобро аз файзи истиқлол ва баракати он медонанд. Маврид ба ёдоварист, ки вазъияти чопи китобҳо, китобхонӣ, рушди илми китобдорӣ ва китобшиносӣ дар кишвар нишон медиҳад, ки рўз ба рўз ниёз ба он меафзояд ва дар ҳаллу фасли масоили иҷтимоию фарҳангӣ нақши арзанда мегузорад.
Ва, чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «…ҳар қадар фарзандони миллат китобхон бошанд, ҳамон қадар миллат неруманд мешавад». Мақсад аз ин гуфтаҳо ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона ва фароҳам овардани шароити созгор баҳри онҳо мебошад. Мо муваззаф ҳастем, ки наврасону ҷавононро аз овони хурдсолӣ ба роҳи дуруст ҳидоят намоем, дар дили онҳо ҳисси муҳабат ба Ватанро бедор созем. Наврасону ҷавонон бояд дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон тарбия ёбанд. Боиси ифтихор аст, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар саросари кишвар «Рўзи китоб» бо шукўҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Дар ин росто педагоги рус Сухомлинский бисёр хуб зикр намудааст: «Агар аз бачагӣ дар кўдак нисбат ба китоб меҳру муҳаббат парварида нашуда бошад, агар китобхонӣ талаботи маънавии якумраи ў нагардида бошад, дар солҳои наврасӣ дар вуҷуди наврас чизе нахоҳад буд, бешак хислати бад пайдо мекунад». Китоб дўсти беминнату вафодор ва роҳбалади оқилу хирадманди мост. Китоб - саводу дониш, китоб - маърифату фарҳанг, китоб - илму фазл ва ақлҳову тамаддунҳост, ки аз сухан сарчашма мегирад. Ва сухан ҷони зиндаи инсон бувад, ки гуфтаанд:
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомўш аст?
Бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии афроди ҷомеа, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни тамоми зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, доктор (PhD), аспирантҳо ва шаҳрвандони кишвар дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид.
Даври ниҳоии озмун аз 7 то 15 декабри соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифатӣ гузашт. Озмуни мазкурро метавон мактаби худшиносӣ унвон кард. Зеро дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳаводорони зиёдеро пайдо намуд. Дар ин озмун гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа - хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯзгорон, ходимони муассисаҳои фарҳангӣ ва ғайра хеле фаъол буданд.
Иштирокчиёни озмуни соли 2020 нисбат ба як соли пеш омодагӣ ва маҳорати баландтар доштанд. Маҳорати онҳо дар азёд кардани ҳаҷми бештар ва беҳтари адабиёти бадеӣ мушоҳида мешавад, ки ин аз феҳристи пешниҳодии асарҳои хондашаванда вобаста буд. Маълум гардид, ки озмун шавқу завқи мардумро нисбат ба адабиёти бадеӣ - чи осори манзуму чи мансур бедор кардааст.
Ҷамъбасти озмун нишон дод, ки омодагии иштирокчиён аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе нисбат хеле беҳтар аст. Бешак, ин иқдоми фарҳангӣ барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона такони ҷиддӣ мебахшад.
Раёсати МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, аз ҷумла Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тадбирҳои муассир андешида, як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифт. Тибқи дастуру супоришҳои ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин пайваста дар байни донишҷӯён озмун ва маҳфилҳои шеъру суруд доир гардиданд. Баргузории чунин чорабиниҳо насли ояндасози миллат, аз ҷумла донишҷӯёнро ба мутолиаи китоб ва омўхтани илму ҳунар ҳидоят намуда, сатҳи маънавиёти онҳоро баланд мебардорад.
Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки барои тақвияти неруи зеҳнии наврасону ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо ба китобхонаҳо тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:
-хазинаи китобхонаҳои деҳот аз ҳисоби китобҳои тозанашри осори адибони классику муосир ғанӣ гардонда шавад;
-омода кардани довталабон дар давраҳои аввали озмун, пеш аз ҳама, ба уҳдаи омўзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва китобдорон гузошта шавад;
-дар рӯзҳои таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи «Сайри китоб» бо усули хона ба хона тақсим кардан дар саросари ҷумҳурӣ ба роҳ монда шавад;
-ба озмун бояд касоне роҳ дода шаванд, ки беш аз шаст дарсади талаботи низомномаи озмунро аз худ карда бошанд;
-таҷҳизонидани китобхонаҳои деҳот бо технологияи муосири иттилоотӣ, таъсиси китобхонаи электронӣ ва пайваст намудани онҳо ба шабакаи ҷаҳонии Интернет;
- адад ва номгўи нашри адабиёти бадеӣ зиёд ва китобхонаҳо бо чунин адабиёт таъмин карда шаванд;
-дар озмун иштироки тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони синфҳои 1-4 (дар ҳамин бахш) алоҳида, ҷудо аз хонандагони синфҳои 5-11 пешбинӣ карда шавад;
-рўйхати адабиёти пешниҳодшаванда такмил дода шавад;
-дар озмун номинатсияи “Китобдорӣ” низ ворид карда шавад.
Гадобег Маҳмудов муовини директори КМТ,
Зафари Шариф декани факултаи китобдорӣ ва
иттилоотшиносӣ