Лаҳзае бо шеър. Махсум Олимӣ

Рўз то рўз зиндагиям мушкил аст,
Хонаам н-обод аз обу гил аст.

Илми шеъре, ки тамом омўхтам,
Зоҳидон гўянд илми ботил аст.

Ин чи шўру тирабахтӣ, ки кунун,
Дўстам имрўз бар ман қотил аст.

Субҳи ман сар мешавад аз дарду ғам,
Дарди бедармони ман, дарди дил аст.

Лаҳзае н-осудаам андар ҷаҳон,
Бас нишастанҳои ман дар соҳил аст.

Киштаи андешаҳоямро мудом,
Мисраъи бинвиштаи ман ҳосил аст.

Шоире чун Гулназар кам дидаам,
Ки тараҳҳумпарвару дарёдил аст.
Соли 1992

Бо ғами дил пеши бедил орамидан хуб нест,
Назди бедил рози дил гуфтан шунидан хуб нест.

Ҳар сухан дониста гӯю хом бошад пухта кун,
Хӯшаи нопухтаеро ҳам дурудан хуб нест.

Хас ба рўи об сарсон аст монанди ҳубоб,
Гавҳар ар бошӣ туро боло ҷаҳидан хуб нест.

Гар ба маҳ шинӣ чу моҳу ҳамдами дегӣ-табоҳ,
З-ин сабаб бо ҳар касу нокас танидан хуб нест.

Косаи давр аст ҳар кас навбате дорад ба худ,
Оқилӣ гар, аз пайи мансаб давидан хуб нест.

 

Шеъри ман, эй тифли раҳомӯзи ман,
Роҳи ту ҳамвор, не шебу фароз.
Розиам худ бинам умри кӯтаҳе,
Лек хоҳам умри ту бошад дароз.

 

Ташнаи оби Зарафшонам ҳанӯз,
Ошиқи моҳи Бадахшонам ҳанӯз.

Дар барору нобарорӣ раҳ ба раҳ,
Ҳамдами андӯҳу армонам ҳанӯз.

Гарчи бигзашт биступанҷ аз умри ман,
Тифли домангири гирёнам ҳанӯз.

Марди роҳи кишвари зебои ишқ,
Интизори роҳи корвонам ҳанӯз.

Ташналаб пазмони кӯҳсори баланд,
Муддате дар Дарғу Каздонам ҳанӯз.

Ишқи аввал рафту ман бо ёди ӯ,
Дар дили дарёи ҳиҷронам ҳанӯз.

 

Ҷаҳон афсона, мо афсонасозем,
Барои лаҳзаи худ сарфарозем.
Чӣ бадбахтем, бадбахтем, бадбахт,
Ки худбадбину бегонанавозем.
*********
Чу медонам, ки дунёдори нокас,
Басо мӯҳтоҷӣ дорад аз пайи хас.
Дилам пайваста огаҳ менамояд,
Ки аз ин сон касон пайваста метарс.
*******
Зи ҳарфи носазо дил мехӯрад ғам,
Зи макри бевафо дил мехӯрад ғам.
Аз он ки носипосеву дурӯе,
Бимонад беҷазо дил мехӯрад ғам.
**************
Якеро одамон аз рўйи мансаб,
Кунандӣ бас гаҳе бардор-бардор,
Бубинам инчунин мардону гӯям,
Худо аз дарди номардӣ нигаҳ дор.
****
Ҳар касе к-ӯ хонда худро аҳли дил,
Шеърҳои Рӯдакӣ аз ёд бурд.
Зинда бошад, хонам ӯро мурда ман,
Пеш аз маргаш барои ман бимурд.

Барчаспҳо: