Ҳамватанони азиз!
Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.
Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу
Ҳар сол аввали моҳи октябр тадорукоти зиёди ҷашнӣ дорем, ки яке аз он Рӯзи муаллим аст. Кӣ намехоҳад устодашро муборакбод накунад? Магар бошанд ин гуна инсонҳо? Гумон мекунем на. Ва агар ҳастанд, пас хеле каму ангуштшуморанд. Ва ҳар рӯз борони табрикот ба муаллим дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион меборад. Муаллим сазовор аст, ки номашро на танҳо як рӯз, балки ҳар рӯз ба некӣ ёд кунанд.
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо,
Дунёи ва ро тоҷикӣ бунёд кунед.
Дареғу афсӯс, ки аз 1 миллиону 300 ҳазор мисраъ, ба ривояти дигаре аз 700 ҳазор мисраъ, ба ривояте аз 300 ҳазор байт ва ё ҳатто аз 100 ҳазор байти устод Рӯдакӣ имрӯз беш аз 1000 байт расидаву бас. Ва ин аст, ки чун аз миёни сафҳаҳои китобе донишмандон қитъае ё байтеро аз устод пайдо мекунанд, табиист, ки боиси хурсандии ҳазорон ҳазор ҳаводори шеъри форсӣ дар саросари густараи бузурги забони форсӣ мешавад.
Инак донишмандони эронӣ Заҳро Насиришироз, Насруллоҳи Имомӣ ва Саҷҷоди Деҳқон устод ва устодёрони забону адабиёти форсии Донишгоҳи Аҳвози Ҷумҳурии Исломии Эрон аз луғатномае се байти тозаи устод Рӯдакиро пайдо ва онро зимни мақолае ба