Activities calendar

24 октября 2019

Тарҷумаи нави боз як ҳикояи Антон ЧЕХОВ ГУРЕЗА

(Ҳикоя)

  Ин як ташрифоти тулонӣ буд. Ибтидо Пашка бо модараш дар зери борон мерафт, гоҳе аз киштзорҳои даравшуда, гоҳ ҳам аз пайраҳаҳои беша гузар намуда, ки баргҳои зард ба мӯзаҳояш мечаспид, то он дам ки субҳ дамид. Сипас ӯ ҳудудан ду соъат дар даҳлези торик мунтазир истод, ки билохира, дарро боз кунанд. Даҳлез гармтару хушктар аз берун буд, вале чун шамол меомад, қатраҳои борон ба ин ҷо низ мепарид. Даҳлез, ки кам-кам пур аз мардум шуд, онгоҳ Пашкаи батангомада рӯяшро ба пӯстини кадом як кас, ки аз он бӯйи тези моҳии шӯр меомад, часпониду ғанаб рафт. Инак ғалақа садо доду дар боз шуд ва Пашкаю модар вориди қабулгоҳ шуданд. Ин ҷо ҳам интизорӣ тул 

Бидон дунё саросар роз бошад...

 Вақте ба чеҳраҳои моломол аз фараҳу шодкомии ин афрод менигаред, аслан намехоҳед бовар кунед, ки онҳо маълуланд. Мисли дигарон табассум ҳамеша гирди лабонашон гул мекунад ва шояд беҳтар аз бисёриҳо зиндадилтару ба зиндагӣ умедвортаранд. Онҳо дилшикаста нестанд, ки аз модар чунин таваллуд шудаанд ва ё бар асари ҳодисае пойи равон аз даст додаанд, чашмашон нобино шудааст, гӯшашон