Зафар Нозим: Ба мазмун сурудан, на афзун сурудан...
Як ҷумла аз мусоҳибаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шодравон Зафар Нозим бо шоир Салими Зарафшонфар, ки соли 1999 дар ҳафтаном аи “Ҷавонони Тоҷикистон” чоп шудааст. Ва агар нек ба эҷодиёти ин марди ҳунар бингарем, дармеёбем, ки ҳамин як ҷумла барояш тамоми умр ҳам шиор будаву ҳам меъёр. Теъдоди таронаҳои Зафар Нозим ба ҳадде нестанд, ки шумарда нашаванд. Аммо теъдоди кам ҳам таронаҳои мондагоранд, аксари онҳо акнун дар хазинаи тиллоии мусиқии тоҷиканд.
Ҳадаф аз ин навиштаҳо ҳикоят аз истеъдоди Зафар Нозим нест, чун ин кори пажуҳишгарон ва мутахассисон аст. Ва аз доираи консепсияи сомонаи Китобхонаи миллӣ ҳам берун аст. Вале моро боз ҳам як нукта водор кард, ки дар ин рӯзҳои моҳи июн, ки зодрӯзи нобиғаи мусиқии тоҷик дар ҳамин рӯзҳост, аз ӯ ёд кунем, аммо бо анъанаву шеваи гузоришоти худ.
Зафар Нозим ҳунармандест, ки дигар намешавад бе таҳлили эҷодиёти ӯ рушди мусиқии тоҷик баъди солҳои шасти асри гузашта то даҳаи аввали асри навро арзёбӣ кард. Тӯли ним аср ва ҳатто бештар аз он, то охирин лаҳзаҳои будан бо мо дар саҳна буд, месуруд, эҷод мекард.
Гузашта аз дар бойгонии Китобхонаи миллӣ мусоҳибаву мақолоте ҳастанд, ки мутолиаи онҳо барои хонандаи арҷманд на танҳо аз аҳамият холӣ нест, балки ҳам муфид ва ҳам арзишманд аст. Касоне, ки аз Зафар танҳо тарона мешунаванд, аз суҳбатҳои матбуотии вай ва мақолот дар борааш бо шахсияти ин нобиға ошно мешаванд.
Ин аст, ки тасмим гирифтем диққати шуморо ба ин мусоҳибаву мақолот ҷалб кунем.
Мусоҳибаҳо бо Зафар Нозим
Сафар ба Украина: Мусоҳиба бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 29 октябр.
Шеъри хаёлангезу оҳанги диловез: Мусоҳибаи С. Аюбзода бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов // Маданияти Тоҷикистон. – 1983. – 4 феврал.
Парвози суруд: Мусоҳибаи С. Сиддиқов бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1987. –11 январ.
Санъат моли ҳамагон аст: Мусоҳибаи Т. Турдиев бо Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов // Зарафшон. – 1989. – 24 январ.
Ба мазмун сурудан, на афзун сурудан: Мусоҳибаи С. Зарафшонофар бо Ҳунарманди мардумии тоҷик Зафар Нозим // Ҷавонони Тоҷикистон. – 1999. – 19 феврал.
«Модарам нахустустоди ман буданд»: Суҳбат бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов дар арафаи иди Занон // Чархи гардун. – 2000. – 3 март.
Дар бораи Зафар Нозим:
Зафар Нозимов. – Душанбе. – Истеъдод. – 2014. – 48 с
Қодирӣ, А. Шаби эҷодии ҳофизи ҷавон: Дар бораи Зафар Нозимов // Маориф ва маданият. – 1961. – 19 сентябр.
Саъдуллоев, А. Суруд набзи халқ аст: Аз фаъолияти ҳофизи хушовоз Зафар Нозимов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1966. – 10 июл.
Азизов, Н. Як шаби суруд: Дар бораи ҳофиз Зафар Нозимов // Маориф ва маданият. – 1970. – 25 апрел.
Ҳўҷамқулов, А. Суруде, ки аз дил барояд: Дар бораи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов // Маориф ва маданият. – 1975. – 28 август.
Қувват, Ҷ. Андалеби кўҳсор: Шеър бахшида ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов // Маориф ва маданият. – 1978. – 21 октябр.
Восеъ, М. Сози кўҳсор: Шеър бахшида ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов // Комсомоли Тоҷикистон. – 1980. – 7 сентябр.
Акобиров, Ҷ. Суруди Зафар: Чанд лаҳза аз рўзгори Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов // Маданияти Тоҷикистон. – 1982. – 3 сентябр.
Ваҳҳобов, Р. Парвози рўҳбахш: Дар бораи репертуари санъаткор Зафар Нозимов // Тоҷикистони советӣ. – 1983. – 16 ноябр.
Акобиров, Ҷ. Чашмаи Зафар: Зафар Нозимов - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон // Адабиёт ва санъат. – 1985. – 25 июл.
Бо Ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонидани солисти Филармонияи давлатии Тоҷикистон Нозимов Зафар // Тоҷикистони советӣ. – 1986. – 21 ноябр.
Нозимов Зафар: сарояндаи советии тоҷик: Шарҳи мухтасари ҳаёт ва фаъолияти шоир // Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе, 1989. – Ҷ.2. – С. 474.
Шарифов, С. Парвози суруд: Ҳофизи маъруфи тоҷик Зафар Нозимов 50-сола шуд // Адабиёт ва санъат. – 1990. – 7 июн.
Анвар, С. Зинда бош, эй чашмаи илҳоми ман!: Дар бораи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов (мақола бо расмаш) // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 18 май.
Табарӣ, М. Эй офтоб: Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Нозимов 60-сола шуд // Ҷумҳурият. – 2000. – 1 январ.
Хайруллоев, С. Сорбони корвонҳои суруд: Ба муносибати 60-умин солгарди зодрўзи Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Зафар Нозимов // Адабиёт ва санъат. – 2000. – 3 ноябр.
Аюбӣ, С. Зафар будам, зафар ҷустам, зафар дидам: Шеър бахшида ба муносибати 65-солагии Ҳунарманди тоҷик Зафар Нозимов // Адабиёт ва санъат. – 2005. – 20 январ.
Мирзо, Д. Хунёгар: Эҳдо ба устод Зафар Нозим // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2007. – 1 феврал.
Шодиев, А. Булбул зи ту омўхт…: Зафар Нозимов 70-сола мешавад // Адабиёт ва санъат. – 2008. – 9 октябр.
Мирзо, Ф. Назаркарда: Шеърҳо ба устод Зафар Нозим // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2009. – 3 ноябр.
Ҳомид, Ҳ. Мукофоти олии ватан муборак, устод Зафар Нозим!: Бо ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» мукофотонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон // Чархи гардун. – 2009. – 11 июн.
Аюбӣ, С. Пушаймон нестам: Шеър ба Зафар Нозим // СССР. – 2010. – 10 июн.
Ғаффор, С. Аз дидаву дил намеравӣ: Ёде аз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зафар Нозимов // Адабиёт ва санъат. – 2010. – 2 сентябр.
Мирзода, М. Эй сорбон, оҳиста рон: Шеър эҳдо ба устоди шаҳири оҳангу садои тоҷикон Зафар Нозим // Фараж. – 2013. – 23 январ.
Расулӣ, С. Сеҳри суруд: Ҳарфе чанд дар бораи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, устод Зафар Нозимов // Адабиёт ва санъат. – 2014. – 17 июл.
Шарифзода, С. Ў дарси тарона буд…: Ёде аз Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ Зафар Нозимов // Тоҷикистон. – 2015. – 28 май.
Қувват, Ҷ. Вопасин чаҳчаҳаи андалеб: Ёде аз аз Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Зафар Нозим // Садои мардум. – 2015. – 8 июн.
Саъдоншоева, Г. Уқоби сари кўҳ: Дар бораи устоди санъат Зафар Нозим // Ҷумҳурият. – 2016. – 27 феврал.
Ғулом, З. Маҳбуби ҳама давру замон: Ёде аз ҳунарманди нотакрор, шодравон Зафар Нозимов // Адабиёт ва санъат. – 2016. – 29 сентябр.
Таҳияи Ҳусния Назарова,
корманди шуъбаи библиографияи миллӣ