280 адад китоб аз китобхонаи шахсии кормандон

Кормандони шуъбаи кўдакон ва наврасони Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғанӣ гардонидани фонди умумии китобхона 280-адад китоб оид ба соҳаҳои гуногун аз китобхонаи шахсии худ тўҳфа намуданд.

Бойгонии Китобхонаи миллӣ  бо китобҳое чун: «Санги сипар»-и Сорбон «Шоир ва айёми мо»-и Б. Худойдодов, осори Абдурраҳмони Ҷомӣ, “Шоҳзода ва гадо”-и Марк Твен, «Лаҳзаи ҷовид»-и Меҳмон Бахтӣ, «Дастархон» - и Гулназар Келдӣ, «Субҳи инҷо сокит аст» -и Б. Василйев ва ғайраҳо ғанӣ шуд.