Пахта дар маҳфили “Дастони моҳир”

Дар остонаи ғунучини ҳосили пахта Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ дар маҳфили “Дастони моҳир” ҳамин мавзӯъро мавриди баррасӣ қарор дод ва аз хонандагон дархост шуд пахта, саҳрои пахтаро наққошӣ кунанд ва ё бо истифода аз маводи конселярӣ бисозанд. Вале чун анъана дар аввал роҷеъ ба пахта, таърихи пайдоиш ва аҳамияти он барои одамон суолу ҷавоб сурат гирифт. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки пахта яке аз муҳимтарин ва қадимтарин рустании нахдору равғандиҳандаи техникӣ ба ҳисоб меравад. Дар Осиёи Миёна пахта аз асрҳои 7-6 то милод инҷониб парвариш карда мешавад.

Вай ба оилаи тугмачагулҳо мансуб аст. Дар Тоҷикистон, асосан ду намуди он: пахтаи муқаррарӣ ва мисрӣ кишт карда мешавад. Пахта решаи боқуввати сершохронда дошта, ба хок 2,4—2,6 м чуқур меравад. Бахши ҷаббандаи (об ва маҳлули намакҳои маъданӣ) реша асосан дар қабати нисбатан болотари хок (яъне дар чукурии 15-30 см) ҷойгир аст. Пахта пояи рости сершоху барг дошта, аз 70 то 200 см қад мекашад. 

Дар Тоҷикистон пахтаро дар аксари ноҳияҳо, ба ҷуз минтақаҳои баландкӯҳ, парвариш мекунанд. Мӯҳлати кишти пахта, вобаста ба шароитҳои иқлимии ноҳияҳо, аз моҳи апрел шурӯъ шуда, то аввалҳои моҳи май давом мекунад.

Нахи пахта барои тайёр кардани матоъҳои гуногун истифода мешавад. Аз як кг нахи пахта ба ҳисоби миёна 5 м лас, 20 м сон (суф), 40—140 адад риштағалтак истёҳсол менамоянд. Аз як кило пунбадонаи пахта бошад, 270 г равған, 400 г кунҷора, 30 г линт гирифта мешавад. Бар замми ин линти пахтаро барои истеҳсоли линолеум, лак ва дигар масолеҳҳо истифода мебаранд. Равғани пахта маводи хӯрокии пурбаҳо буда, он аз витаминҳо ва дигар моддаҳои органикии фоиданок бой мебошад.

Ба сурати умум метавон дар бораи пахта ва аҳамияти он соатҳо ҳарф зад. Аммо дар ин маҳфил ҳамин  маълумот кифоя буд.

Дар хотима ширкаткунандагон тибқи дархости мураббӣ ҳар кадом ҳунари худро нишон доданд. 

Сайрон Сафарова