Аз “Намунаи адабиёти тоҷик” Адо (Вафот – 1252, моддаи таърихаш - «Афсўс, мурд Султонхон»)

Султонхоҷа шайхулислом Аҳрории Самарқандист. Мумоилайҳи дар Бухоро ба аҳди амир Ҳайдар, дар Хўқанд ба аҳди Умархон, боз дар Бухоро ба аҳди амир Нусруллоҳ ба мартабҳои олӣ  расида ва сухансароӣ карда. Дар форсӣ ва туркӣ девонаш тамом аст. Қорӣ Раҳматуллоҳ дар «Туҳфат-ул-аҳбоб» вафоташ 1250 қайд карда, аммо дар як маҷмўаи дастнависи дигар моддаи «афсўс, мурд Султонхон» нишон дода шудааст, ки 1252 мешавад. Вафоташ дар Бухоро, қабраш дар Самарқанд, ба мазори Хоҷа  Аҳрор аст.

Ғазал

(Аз як маҷмўаи дастнавис)

 Диламро ҳамчу гул захмест, мумкин нест беҳбудаш,

Зи бўи ғунчаи субҳидамӣ кардам намаксудаш.

Зи мастиҳои чашмам чашми хубон вом мегирад,

Шабе судам нигоҳе то ба лабҳои майолудаш.

Нафас шояд, ки орад бўи зулфаш бар машоми ман,

Аз он аз сина берун мекашам чун оҳи худ дудаш.

Чу бе ў маҳфил ороям ба тўфони гудози дил,

Зи мавҷи об мебандад муғаннӣ тор бар рўдаш.

Адо, зулфи талаб кўтоҳ кардан айбҳо дорад,

Аёзеро ғуломӣ кун, ки султон аст Маҳмудаш.

Фард

Бо мисқаби алмоси нигаҳ охир аз ибром

Кандам ба ақиқи лаби ў номи табассум.

***

Ба сари турбати ман ойиву шарманда шавам,

Ҷон надорам, ки нисори қадамат макардам.

***

Дар либоси шона аз найранг ҳусни дилкашаш

Мўкашон орад ба пои сарви худ шамшодро.

***

Шунидам, тундии май бар гўлуят шаб асар карда,

Магар ин духтари раз фитназоӣ боз сар карда?

Ду рўзе шуд, к-аз он овози нозат барнамеояд,

Магар шаҳди сухан нойи гулўят найшакар карда?

Адо дар вақти мурданаш ба касоне, ки аз ў васият талаб кардаанд, бадеҳатан гуфта:

(Аз як маҷмўаи дастнавис нақл шуд)

Хуш он ринде, ки баъд аз мурданаш меросгири ў

Ба ғайр аз пои тобуту асо чизе намегирад. 

Садриддин Айнӣ.

“Намунаи адабиёти тоҷик”,

Душанбе соли 2010.

Таҳияи Саидғуфрон Шарифӣ.