Васфи Ваҳдат дар маҳфиле бо ширкати кӯдакону наврасон
Нашр шуд 2020-06-25 11:39
Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати Миллӣ бо хонандагони фаъол сўҳбат баргузор гардид. Муаллима дар бораи Рӯзи Ваҳдати миллӣ сухан ронда, аз ҷумла гуфт: 27 –июни соли 1997 дар саҳифаи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рӯзи расидан ба Ваҳдати миллӣ бо хати заррин навишта шуд. Имзои созишномаи сулҳ дар шаҳри Москав ба ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ поён дод, ба хонадони сокинони кишвар суботу оромиро баргардонд.
Ба баракати ҳамин сулҳу оштӣ ва ваҳдати фарогир имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор гум мезанад ва тараққӣ мекунад. Махсусан наслҳои ҷавон имрўзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда неъмати олӣ –иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.
Мо наметавонем аз саҳми сазовори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ ҳарф назанем. Маҳз аз худ гузаштанҳои сарвари давлат буд, ки ин сулҳу осоиш муяссар гардид ва имрӯз моро ин ҳаёти осоишта насиб шудааст.
Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он
Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.
Сипас, хонандагон дар бораи Ваҳдат ва сулҳ шеърхонӣ карданд. Навқаламон бошанд шеърҳои дар васфи «Сулҳ», «Ваҳдат», «Ватан» эҷод намудаашонро қироат намуданд.
Фирўза Раҳимова,
мутахассиси пешбари шўъбаи
кўдакон ва наврасон.