Ҳокими Азиз замоне аз зумраи маъруфтарин чеҳраҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон буд. Чӣ дар радио ва чӣ дар телевизион дар таҳияи беҳтарин барномаҳо бо диди тозаву мавзӯъҳои ҷолиб саҳм дошт. Ҳоло ҳам силсилабарномаҳои телевизионии вай, аз ҷумла барномаи пурбинандаи “Суҳбати мардона” дар ёду хотири бинандаҳо нақш бастааст. Чун мусоҳибонаш дар ин барнома мисли зиндаёд устод Лоиқ Шералӣ шахсиятҳои варзидаву шинохта буданд. Аммо имрӯз ба баъзе сабабҳо аз кори журналистӣ канор рафт.
“Эй инсон, ҳар ҷо, ки бошӣ ва ҳар ҷо, ки биёӣ, зеро медонам хоҳӣ омад, ман Курушам, ки барои порсиҳо ин давлати бекаронро бунён ниҳодам, бад-ин мушти хок, ки маро пӯшондааст, рашк мабар!...”
Ва мегӯянд: Искандар вақте ин навиштаро барояш тарҷума карданд, сахт таҳти таъсир қарор гирифт. Зеро ба хотир овард, ки азамати инсон чӣ қадр машкук ва нопойдор аст. (“Эрони бостон”, нақл аз Плутарх, банди 90).
Ин чанд ҷумла аз сарсухани Бостонӣ Поризӣ, донишманди эронӣ ва мутарҷими китоби Мавлно Абдулкаломи Озод “Куруши Кабир – Зулқарнайн” иқтибос шуд. Китоб соли 2019 дар нашриёти
Ин китоб соли гузашта, бахшида ба 80-солагии адиби маъруф Баҳроф Фирӯз чоп шуда буд. Дар ин маҷмўа ҳикояҳои нависандаи ширинбаёни тоҷик Баҳром Фирўз гирд оварда, асосан ба ҷавонон нигаронида шудаанд. Ҳикояҳо беш аз 40 сол пеш навишта шуда бошанд ҳам, мавзўъ, дарунмоя ва муҳтавояшон ҳоло ҳам басо зарурӣ, дар тарбияи ҷавонон, масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзанд аҳамияти хеле баланд доранд.
Забони сода, шевою равони адиб ва банду басти ҳикояҳо ҳар хонадаро водор месозад, ки баъди анҷоми ироати ҳар яки он ҷиддан ба андеша фурў равад ва барои худ хулосаи дурусти
Таърих хосияти аҷиб дорад. Дар ҳолати касодии маънавӣ ва ё идеологиву иқтисодӣ чун бозёфта нодир истеъдодҳое ба саҳнаи он мебарояд, ки ба тамоми ҳастиашон барои ворастан аз қолабҳо ва омилҳои монеазо ҷадал менамоянд. Яке аз устодони назми шўравӣ ва ходими намоёни ҷамъиятӣ, адиби номии қазоқ Олҷас Сулаймонов аз зумраи чунин истеъдодҳо буда, адабиёти замони нави қазоқиро ба сатҳи баланди инкишоф расонид.