Ин китоб охири соли гузашта чоп шуда ва ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ расид. Муаллиф орзуҳои кӯдакии худро ба риштаи қалам кашидааст, ки бештар майлу ҳаваси мошинрониву мошинсаворӣ доштааст. Ва орзуҳои кӯдакии худро бо талошҳо ва омӯзишҳо амалӣ кардааст. Китоб сагузаштист ва хонандаро водор мекунад бихонад, то бидонад, ки муаллиф ба кадом роҳҳо ба орзуҳояш расидааст.
Хайрулло Амонулло 10 августи соли 1967 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Оиладор , соҳиби 5 фарзанд мебошад.
Дар муқаддимаи китб мехонем: Соли 2019 ду санаи муҳим - 25 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 - солагии қабули Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кўдак ҷашн гирифта шуд. Санадҳои мазкур, ки муносибатро нисбат ба арзишҳои муҳими ҳаёти ҷомеа - инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў ба қуллӣ тағир дода, заминаи муҳими ҳуқуқии инсонро гузоштанд, дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кўдак нақши муҳим бозиданд.
Дар ин давра ҷиҳати таъмини манфиатҳои беҳтарини кўдакон, ташкили шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои кўдакон, ки аз ҳадафҳои муҳими