Activities calendar

26 июня 2020

Чанд сухан аз ҳунарманди асил Бобоҷон Азизов

Бобоҷон Азизов, ки имрӯз ба синни мубораки 70 қадам гузошт, аз ҷумлаи маъруфтарин сарояндагони солҳои 80-90 садаи гузашта мебошад. Яке аз чеҳраҳои мондагори санъати тоҷик. Шахсе, ки дар ҳунар роҳи худро ёфт, сабку шеваи хоси худро дорад. Мураббии даҳҳо ҷавони ҳунарманд ва падари мушфиқу меҳрубон. 

Азизов Бобоҷон 26 июни соли 1950 дар шаҳри Кўлоб ба дунё омадааст. Сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996). Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики 

Дар бораи Ваҳдати миллӣ дар Китобхонаи миллӣ чӣ метавонед бихонед?

 Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ яке аз мавзўъҳои ҷовидонаи адабиёти классикӣ ва муосири мардуми ориёӣ, минҷумла тоҷикон маҳсуб меёбад. Сулҳ ва Ваҳдати миллӣ аз замоне ки назм дар олами ҳастӣ арзи вуҷуд кард, яке аз мавзўъҳои муҳим ва мубрам дониста шуд. Чунончи, яке аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳон – «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ сулҳ ва ваҳдати миллатҳои эронинажод ва мардуми ориёиро инъикос намудааст. Бо тараннум ва ё инъикоси ин мавзўъ адибони форсу тоҷик мардумро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудаанд.