Сайидалӣ Маъмур як инсони тарбиятдида, хушахлоқ ва боназокат буда, миёни аҳли қалам эътибори хоса дорад. Шахсан ман, ҳамчун як нафар ихлосмандаш, бо ҳамин фазилатҳои дилрабояш ўро эҳтиром мекунам. Ба аҳли эҷод, пеш аз ҳама дар радифи истеъдод, агар чунин хислатҳои наҷиби инсониро Худо ба ў тақдим медошт, бешак ў пайваста вирди забони хосу ом мебуд. Чунин хушбахтӣ ва некномӣ ба бародари
Чанд сол қабл бар асоси дархости магистрантони кафедраи адабиёти классикии тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин байт шарҳ дода шуда буд. Ҳоло бо дархости бархе аз дӯстон бо таҷдиди назар шаҳри мазкур манзур мегардад.
Ба авҷи кибриё к-аз паҳлӯи аҷз аст роҳ он ҷо,
Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо.