Нисор Шакармамадов соли 1960 баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси корманди хурди илмӣ фаъолияташро таҳти роҳбарии профессор Раҷаб Амонов дар шуъбаи фолклори Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии шаҳри Душанбе оғоз карда, сипас баъди таъсиси шуъбаи помиршиносии Академии Улуми Тоҷикистон дар Вилояти худмухтори Бадахшони куҳистонӣ ба
Ин китоб, ки чанде пештар нашр шуд, паҳлуҳои мусбату манфии раванди муҳоҷирати аҳолӣ, таърихи пайдоиши шаклҳои гуногуни муҳоҷират, сабабҳои муҳоҷират, шаклҳои муҳоҷирати аҳолӣ, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид ҳикоят мекунад. Муаллифони китоб М.Маҳмадбекзода, С.Мирзоев ва Ҳакимов буда, он бо қарори Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст. Муаллифон дар муқаддима аз ҷумла овардаанд:
Муҳоҷирати аҳолӣ - ин тағйроти маҳали сукунати аҳолӣ буда, ба дигар намудани макони истиқомат иртибот дорад.
Дастури таълимӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва довталабони донишкадаву донишгоҳҳо, ки соли 2012 чоп шудааст. Ин китоб ҳоло ҳам метавонад қобили истифода бошад, чун беҳтарин роҳу равиши навиштани иншоро дар миён гузоштааст. Дар пешгуфтор муаллифи китоб Қ.Тӯраҳасанов аз ҷумла менависад: Иншо яке аз навъҳои кори хатии хонандагон буда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ таълим дода мешавад. Имтиҳони иншо дар донишкадаву донишгоҳҳо барои рушду такомул ёфтани забони миллии тоҷикӣ ёрӣ мерасад.