Муҳимтарини асомии таърихӣ барои мо Роҳи Абрешим аст ва ҳамлаи муғулу салтанати Темуриён. Ҳар касе ин ҷо шаҳрзодест ва ривоятҳои садрангу садраванди зидду нақиз аз таърих қисса мекунад. Донистани ҷузъиёти дақиқу воқеӣ аз ҳақиқати ҳол дар мадди назарҳо нест. Ҳазору як ривоят дорем аз таърих, ки интиқоли сина ба синаи он саргармии ҳазоронсолаи мост. Рифоҳу самар дар ин шаҳр аз дониш барнахезад ва ончи фаровон коғазбозӣ аст ва ончи ноёб донишу хонишу куниш аст, дар ин Самарқанди сурх, ки рўзгоре нишемани шоҳони амалу пайғамбарони шеър буда.