Муҳимтарини асомии таърихӣ барои мо Роҳи Абрешим аст ва ҳамлаи муғулу салтанати Темуриён. Ҳар касе ин ҷо шаҳрзодест ва ривоятҳои садрангу садраванди зидду нақиз аз таърих қисса мекунад. Донистани ҷузъиёти дақиқу воқеӣ аз ҳақиқати ҳол дар мадди назарҳо нест. Ҳазору як ривоят дорем аз таърих, ки интиқоли сина ба синаи он саргармии ҳазоронсолаи мост.
Рифоҳу самар дар ин шаҳр аз дониш барнахезад ва ончи фаровон коғазбозӣ аст ва ончи ноёб донишу хонишу куниш аст, дар ин Самарқанди сурх, ки рўзгоре нишемани шоҳони амалу пайғамбарони шеър буда. Шамшери таърих дар ғилофи Темуриён дармондаву занг бардоштааст дар осорхонаи бостонии шаҳр. Торих ноҳинҷор ва дар сукути аз лабаҳои шикастаи кўзаҳои ҳазоронсола оби зангзада менўшад. Порчаҳои пўсидаи хилъатҳои заррин мунтазири як пуфи махуф.
Дар қалби якнавохту якмароми шаҳр, дар ин ҳуҷраи якхоба ҳарими махсусе сохтам. Дере нагузашт, ки мутаваҷҷеҳ шудам дар чашми ҳамсоягон ба зани хатарноке табдил шудаам. Зане, ки ниёз ба сабру қаноат надорад. Зани ҷавони муҷарраде, ки тоза мадраки донишгоҳ ба даст гирифта ва бо кафши пошнабаланду гардани наҳифу дарозаш ҳарҷо биравад, шуғле мавҷуд аст ва рўи хуше боз. Устоди коромўз дар донишгоҳи забонҳои хориҷӣ ва муҷрии барномаи хабарҳои иҷтимоиву фарҳангии ҳафта дар шабакаи телевизионии шаҳр. Анҷоми ҳамзамони ин шуғлҳои поравақт таъмини харҷи барқу зарқи як духтар мешуд, аммо на тағзияи моҳонаи як шиками холӣ. Байни ин машоғил фурсате ҳам доштам, ки соате баъд аз зуҳр миёни ҳаёҳуи шаҳр гардиш кунам дар кўчаҳои каҷу килеби шаҳри нав, шаҳри куҳна, шаҳри куҳнатару куҳнатарин. Дар хиёбонҳои ошнову бегонаи шаҳр андар шаҳр қадам бизанам ва боз хаставу холӣ баргардам ба хилвати хона.
Дар ин гўша буд, ки омўхтам ба тани худ, ба даруни худ, ба зери пўсти худ бидуни қазоватҳои сиёҳу сафеди роиҷ ба хату хато ва ихторҳои худову халқаш бингараму бияндешам. Барои аввалин бор метавонистам дар утоқи нишеман қатраҳои об рўи пўсти гарму нармам ламс кунам ва ваҷаб-ваҷаби талъати табиатро дар худ кашф. Асрори азал агар ҳаст, дар зери пўсти инсон аст...
*** *** ***
Ва дар ҳамин иқтибосро ба поён мебарем ва шуморо ба хондани ин достони саропо ҷолиб бо номи “Регистон” даъват мекунем. Муаллифи ин асари пурмуҳтаво Шаҳзода Назарзода (Шаҳзодаи Самарқандӣ) аст, ки то кунун асарҳои “Синдроми Стокҳолм”, “Замини модарон”, “Регистон” ва “Бозгашт ба Бухоро” (ба забони инглисӣ) чоп кардааст. Ӯ яке аз барандагони ҷоизаи ҷашнвораи Авруосиё дар Лондон аст. Романи ӯ “Замини модарон” соли 2016 дар нашриёти “Истиқбол” чоп шуда буд.
Романҳои Шаҳзодаи Самарқандӣ ба забонҳои русӣ, инглисӣ, ҳолландӣ тарҷума шудаанд.
Китоби “Регистон” соли 2018 дар нашриёти “Истиқбол” чоп шудааст ва ҳоло шумо метавонед онро дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Дар Донишномаи озод ин маълумотнома дар бораи Шаҳзодаи Самарқандӣ қобили дарёфт аст:
Шаҳзодаи Самарқандӣ фориғуттаҳсили факултети забон ва суханшиносии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст. Романи нави Шаҳзодаи Самарқандӣ бо номи "Регистон" чоп шуд. Ӯ гуфт, ин китоб дар бораи тобистоне қисса мекунад, ки Шӯравии собиқ фурӯ пошид ва он вақт тоҷикони Самарқанд дар чӣ ҳол буданд. Ин достони таърихӣ нест ва фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар доираи робитаи ошиқонаи як духтари самарқандӣ бо устод ва дӯсти дигараш баён шудааст. "Як достони ошиқонаи сегона ҳаст. Дар ин асар тасвир шудааст, ки инҳо дар фазои пулисиву амниятии Шӯравӣ чигуна ба якдигар кумак мекунанд, чигуна талош мекунанд, ки мушкилоти якдигарро бартараф намоянд", - афзуд Шаҳзодаи Самарқандӣ.
Аз ин пеш Шаҳзода романи "Синдроми Стокҳолм" ва "Замини модарон"-ро ба ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ нашр карда буд. Ӯ дар риштаи филмсозӣ дар Лондон чанд давраи омӯзишро гузашта, дар филми сохтаи Меҳдии Ҷомӣ бо номи "Чархофалак" ба унвони ровӣ ҳузур дорад.
Асарҳои Шаҳзодаи Самарқандӣ:
Регистон (Румон), 290 с. H&S Media, 2017. ISBN 978-1780836744
Синдроми Стокҳолм (Новелла, 104 с. H&S Media, 2007-2009. - Порис, Лондон,2016 ISBN 978-1780836676
Замини модарон (Румон), 148 с. H&S Media (November 15, 2013). - Лондон, 2010 ISBN 978-1780833156
Китоби савтӣ бо садои нависанда:
Дар сояи сафар (Маҷмӯаи шеър). - Самарқанд, 2005
Сабри Санг (Маҷмӯаи шеър). - Самарқанд, 1994
Таҳияи Замира Давлатова