Субҳон Амирқулов ба омўзиши масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик низ таваҷҷўҳ намудааст. Мақолаҳои ў «Айнӣ ва Бедил» (1968), «Мулоҳизаҳо доир ба афкори адабӣ – эстетики устод Айнӣ” (1982), «Қуллаи баланди шеъри сода» (оид ба иртиботи эҷодии М. Турсунзода ва Ҳофизи Шерозӣ; (1985) ва ғайра аз назари тадқиқи масоили ворисияти адабӣ, анъана ва навоварӣ, рушди адабиёт навишта шудаанд.
Субҳон Амирқулов 25 июни соли 1935 дар деҳаи Гулшани ноҳияи Ғузори Ўзбекистон таваллуд шудааст.
Дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Ваҳдати Миллӣ бо хонандагони фаъол сўҳбат баргузор гардид. Муаллима дар бораи Рӯзи Ваҳдати миллӣ сухан ронда, аз ҷумла гуфт: 27 –июни соли 1997 дар саҳифаи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун рӯзи расидан ба Ваҳдати миллӣ бо хати заррин навишта шуд. Имзои созишномаи сулҳ дар шаҳри Москав ба ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ поён дод, ба хонадони сокинони кишвар суботу оромиро баргардонд
Кабутари сафед – сулҳ.
Нишонаи умед – сулҳ.
Ба хоби шаб кабутарон
Ҳама аз амният нишон.
Маҳфили навбатии “Дастони моҳир” мавзуъи кабутари сулҳро интихоб кард ва ин бесабаб ҳам набуд. Мо дар
Дар замоне матлаби мо ваҳдату эҳё набуд,
Ҳамдиливу хуррамиву растан аз ғавғо набуд.
Изтироб дар сина буду ноумедӣ дар басар,
Ҷуз балову ғадру шар моро дигар савдо набуд.
Шеди оламгир агар анвори худ пошид ба сар,
Шамъи дилҳоро мудом аз буғзу кин маъво набуд.
Ҳар сол дар таърихи 27-уми июн мардуми баландиқболи саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллиро бо хушнудӣ ва хушҳолии беандоза таҷлил мекунанд. Ин иде аст, ки садо аз хотимаи ҷанг ва башорат аз пирўзиҳои сулҳу субот медиҳад. Муқаддас, шарафманд идест, чаро ки он ҳосили ҷидду ҷаҳд ва кўшишҳои шабонарўзиҳо, натиҷаи ҷонбозиҳои самарабахши сулҳхоҳон аст, ки дар тўли ҳафт сол талошҳо доштанд, то мо ба ин рўзи пурфайзи оромию ободӣ расем.