Шояд дӯстон боз ҳам дар мавриди шеваи гузиниши изҳори назарҳо дошта бошанд, аммо чун мо нусхаи хаттии маҳфуз дар китобхонаи Ризо Ромпурро, ки аз нусахи боэътибор ва дар замони Бедил китобатшуда дониста мешавад, ба асос гирифтаем, тартиби шарҳи абёт мутобиқи он сурат хоҳад гирифт.
Хушо базми вафо, к-аз хиҷлати изҳори навмедӣ,
Шарар дар санг дорад парфишониҳои оҳ он ҷо