Муқими дашти улфат бошу хоби ноз сомон кун,
Ба ҳам меоварад чашми ту мижгони гиёҳ он ҷо.
МУҚИМИ ДАШТИ УЛФАТ БУДАН – дар мақоми луфту меҳрубонӣ қарор доштан, ки он ҷойгоҳ муҷиби баҳравар шудани солик ё ошиқ аз иноят ва лутфи илоҳӣ гардад. Яъне, фурсате луфту меҳрубонии хешро дареғ мадор.
ДАШТИ УЛФАТ – водии лутфу инояти маъшуқ нисбат ба ошиқ.
Ислом Саломов аҳ ҷумлаи коргардонҳои чирадасте буд, ки бо ҳунари воло ва маҳорати беҳамто як бахши фарҳанги кишвар дар калонтарин вилояти онро шукуҳу шаҳомати хос мебахшид. Аз мавлудаш 81 сол гузашт ва ду сол аст аз ҷамъи мо рахти сафар барбастааст. Аммо ному ёдаш ҷовидонӣ дар умқи синаи посдорони фарҳанг боқист. Ислом Саломов коргардон ва ҳунарманди 10 июни соли 1939 дар деҳаи Камодони ноҳияи Мастчоҳ таваллуд