Таърихи пайдоиши коғаз ва намудҳои он

Таърихи коғаз ҳам ба мисли дигар масолеҳи хаттӣ тўлонист. Истеҳсоли он ҳама масолеҳи пешинаро ба танг оварда ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Таҳқиқотчии рус Н.П. Лихачёв навиштааст, ки «аз рўи ривоятҳои интишоршуда коғаз садаи II- уми мелодӣ аз ҷониби ихтироъкори чинӣ  Чай – Лун ба вуҷуд оварда шудааст». Инро солноманависони Чинӣ ба асос гирифтаанд. Вале гуфтаҳои онҳо ба якдигар начандон алоқа доранд. Зеро ба ривояти яке соли 95, дигаре соли 105, сеюмӣ соли 153-и милодӣ мебошад. Байни ин солҳо 60 сол фарқ ҳаст. Инчунин яке аз он солноманависон навиштааст: «Чай – Лун соли 105 ба императори Чин тарзи омода намудани коғазро аз зағирпоя, канаб, пўсти дарахти лиф, латтапора, бамбук ва пахол ёфта буд». Аз ин ривоятҳо ва далелҳои дигар Н.П. Лихачёв ба хулоса меояд, ки Чай – Лун эҳтимол ба Туркистони Шарқӣ омада, бо касбу кори намадмолии мардумони ин кишвар шинос шуда бошад, зеро тарзи намадмолӣ заррае ба талқину ангезиши пайдоиши коғаз мебошад. Аз ҳамин лиҳоз Н.П. Лихачёв ватани аз латтапораҳо тайёр кардани коғазро дар Туркистони Шарқӣ мешуморад. Бо вуҷуди ин Н.П. Лихачё дар Чин  аз бамбук ба вуҷуд овардани коғазро рад намекунад.

Чиниҳо тарзу воситаҳои омода намудани коғазро сирру асрори махфии давлатӣ медонистанд. Онҳо намехостанд, ки ихтирои коғаз ба дигар кишварҳо паҳн гардад. Вале ин ҳама  андешаҳои хаёлӣ буданд. Тараққиёти инсоният ва фарҳанг ў барои ба вуҷуд овардани коғаз ва истеҳсоли вай роҳи васеъ мекушояд.

Ҳанўз соли 650-уми мелодӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд аз коғаз истифода бурданд. Вале коғази истифодашуда дар куҷо истеҳсол шуданаш маълум набуд. Дар боби коғази истеҳсоли Самарқанд ривоятҳои эътимоднок мавҷуданд. Ин ривоятҳо чунинанд: соли 751 дар соҳилҳои дарёи Палас (наздикии Ҷанбул) байни сарбозони арабҳо ва чиниҳо задухурд ба вуҷуд меояд ва чиниҳо дар он мағлуб мешаванд. Истеҳсоли коғаз ҳам ба ҳамин задухурду мағлубияти Чиниҳо сирру савдои тайёр кардани коғазро ба ғолибон гуфтаанд.

Ҳамин тавр, нимаи дуюми садаи VIII дар шаҳр корхонаи коғазбарорӣ ба вуҷуд меояд ва минбаъд тарзи омода кардани коғаз аз Самарқанд ба дигар мамолик мегузарад.

Корхонаи коғазбарории Самарқанд бисёр кишварҳои Машриқзамин ва Арабистонро бо коғаз таъмин менамуд. Услуби тавлиди коғаз аз Самарқанд (садаҳои XII - XIII) ба Фаронса ва дигар мамолики Аврупо низ гузаштааст. Коғази истеҳсоли Самарқанд баъзан «коғази Самарқанд» ва «коғази Хуросон» мегуфтанд. То садаи XVII се навъи коғази Самарқанд маълум буд.  Навъи беҳтарини онро коғази абрешимии зардчатоб, аз лоси шоҳӣ омода карда мешуд. Навъи дуввуми коғази Самарқанд бо номи нимкатонӣ машҳур гардида буд. Мавриди тайёр кардани ин коғаз нахи катон (нахи зағирпоя) илова мекарданд. Ниҳоят, навъи сеюми коғази Самарқанд аз хамираи латтапораҳои пахтагин истеҳсол мешуд. Ҳар сеи ин навъи коғазҳо аълосифат,  пурбардор ва хушнавис буданд. Мо дар бисёр дастхатҳои қадим ба китобҳое рў ба рў меоем, ки дар коғази Самарқанд таълиф шудаанд ва ҳоло ҳам қимату намуди худро гум накардаанд.

Дар замони ҳозира манбаи истеҳсоли коғаз ҷангалистону бешазорҳои бузург аст. Коғаз аз селюлозаи дарахтони мухталиф ва рустаниҳои яксола омода карда мешавад. Ба таркиби масолеҳи коғаз моддаҳои кимёвӣ, елим (ширеши дуредгарӣ) ва охар илова мекунанд. Ин барои сафед, суфтаю рангногузар баромадани коғаз имконият медиҳад. Барои тайёр кардани хамираи коғаз масолеҳи онро аввал орд мекунанд. Пас, аз рўи навъи коғаз ба хамира моддаҳои иловагӣ ранг ва об меандозанд ва хамираро дар таҷҳизотҳо соф мекунанд.

Коғаз бо заҳмати зиёд ба вуҷуд меояд. Танҳо таҷҳизотҳои пуриқтидор ин заҳматро осон карда метавонад. Коғаз ба тариқи варақҳои яклухти дароз ва лўлапечшуда истеҳсол мешавад. Ба рўи баъзе навъҳои коғаз моддаҳои равшаниҳискунанда (эмулсия) низ мемоланд. Коғазҳои хушсифат аз зағирпоя ва коғази маъмулии хатнависӣ аз мағзи чўби дарахти сўзанбарг омода мешавад.

Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ҳар сол ёздаҳ миллион тонна коғаз ва коғазҳои ғафси муқовабоб истеҳсол мешуд. Коғаз аз рўи вазифаи худ ба навъҳо ҷудо мегардад, ки 22 навъи онро навъи беҳтарин меноманд:

- коғази абрешимӣ- коғазе, ки аз абрешим истеҳсол мекарданд, нозуку зариф будааст.

- коғази бағдодӣ- ин коғаз ғафстар аз анвои дигари коғазҳо будааст.

- коғази беҳтарин- сафед, нарму пухта, софу суфта мебошад. Беҳтарин коғаз, коғази чинист, баъд аз он самарқандӣ.

- коғази давлатободӣ- номи дараҷаи дуюми он коғази одилшоҳист.

- коғази оҳорӣ- коғази дар моддаи махсус таркардашуда. Коғазро дар моддаи махсус тар мекунанд. Баъд хушк карда, ду варақро ба ҳам мечаспонанд, ба тавре ки ҳарду коғаз якто шавад, мўҳр зада баъд менависанд, ки хат ниҳоят зебо мебарояд.

- коғази пўсти дили оҳу- аз пӯсти дили оҳу коғаз месохтанд. Моили Ҳиравӣ дар китоби худ «Луғот ва истилоҳоти фанни китобсозӣ» қайд менамояд, ки дар китобхонаи оммавии Афғонистон китоби «Қуръон» вуҷуд дорад, ки дар пўсти дили оҳу навишта шудааст.

- коғази самарқандӣ- аз коғазҳои хуби китобатӣ шинохта шуда, дар байни хаттотон машҳур аст.

- коғази чинӣ- аз коғазҳои беҳтарин буда, софу бадошт аст. Султоналии Машҳадӣ дар «Сират-ус-судур» ин коғазро таъриф кардааст.

- коғази хуросонӣ- аз картон сохта мешудааст. Ихтироъкунандааш мардуми Хуросон буда, аз давраи Бани Умия маълум будааст.

- коғази ҳуқандӣ- ин коғаз дар охири асри Х1Х  ва аввали асри ХХ истеҳсол мешуд.

 - коғази ҳиноӣ- коғазро аз ҳино ва заъфарон ва чанд қатра ранг медоданд. Ранги коғази чопшуда ба чашм зебо менамояд.

- коғаз барои чопи китобҳо, матбуоти даврӣ, харитаҳои ҷуғрофӣ, расмҳои ранга;

- коғаз барои мукотиба;

- коғаз барои нақшаю расмкашӣ;

- коғаз барои муҳофизат аз таъсири барқ;

- коғази тунук барои саноати тамокубарорӣ;

- коғази обчинак;

- коғази нурпазир барои суратгирӣ;

- коғази махсуси нусхабардорӣ;

- коғази дурушт барои печонидани хўрокворӣ ва маҳсулоти саноатӣ;

- коғази саноати техникӣ.

Коғаз дар хоҷагии халқ ба аҳамияти бузург молик аст. Аз коғаз ва коғази ғафс (картон) беш аз 60 ҳазор асбобу анҷом, аз ҷумла беш аз 200 намуд қисмҳои майдаи машинаҳои сабукрав, ғилофи соат, калтусҳои барқӣ, чалак, қуттӣ, тугмаҳои ранга, асбобҳои суратгирӣ, таҷҳизоти гуногуни саноати бофандагӣ ва ғайра тайёр карда мешавад.

Бо вуҷуди ин, коғаз пеш аз ҳама василаи муҳими хаттӣ мебошад. Дар васфи коғаз бузургон суханони беҳамто гуфтаанд, аз ҷумла Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ:

Бинавис, дило, ба ёр коғаз,

Бифирист ба он нигор коғаз!

Бино ба иттилои муаррихон, дар асрҳои миёна илм ва китобдорӣ дар кишварҳои Шарқ хеле тараққӣ мекунад. Онҳо собит намуданд, ки саноати омода намудани коғаз бори аввал  дар Шарқ инкишоф ёфтааст. Аз рўи маълумотҳо аввалин корхонаи истеҳсоли коғаз соли 794 аз ҷониби писари Ҳорун-ар-Рашид дар шаҳри Бағдод сохта шудааст. Баъди 6 сол чунин корхона дар Миср сохта мешавад. Дар Аврупо корхонаҳои истеҳсоли коғаз ба фаъолият мепардозанд.

Маҳмадшариф Каримов
Маркази такмили ихтисос

Барчаспҳо: