“Таърихи Табарӣ” - яке аз қадимитарин дастхат дар бойгонии Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-04-04 16:10
Яке аз нодиртарин нусхаи хаттӣ, ки дар «Осорхонаи китоб»-и шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст, «Таърихи Табарӣ» мебошад, ки диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб намудааст.
Муаллифи китоби «Таърих-ур-русул ва-л-мулук», ки имрўз бо номи «Таърихи Табарӣ» машҳур аст, Абўҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ат-Табарӣ мебошад, ки ў соли 838 милодӣ дар Омул таваллуд шуда, соли 922 милодӣ дар Бағдод вафот кардааст.
Ў яке аз олимони забардасти қуръоншинос ва таърихшиноси барҷастаи асри Х ба шумор меравад, ки маҷмўаҳои муфассали таърихи умумии исломӣ ва ҷаҳониро таълиф намудааст. Ат-Табарӣ асари арзишманди худро ба забони арабӣ дар 13 ҷилд навиштааст ва барои таълиф намудани он муаллиф аз сарчашмаҳои муҳими гуногуни то ба замони худ расида, истифода бурдааст.
Ҷилди якуми ин асар аз муқаддима ва тавсифи халқҳои қадими Шарқи Наздик иборат мебошад. Ҷилди дуюм ба таърихи давлати Сомониён ва ҷилдҳои дигар дар бораи ҳазрати Муҳаммад (с) ва чор халифаи аввал ва хилофати Умавиён ва Аббосиён қисса мекунад.
Бояд зикр намуд, ки мундариҷаи ин асар диққати хонандаро зуд ба худ ҷалб менамояд ва бо ҳамин сабаб ба забонҳои дигар ҳам тарҷима гардидааст. Соли 963 милодӣ вазири Сомониён Мир Абўалӣ ибни Муҳаммади Балъамӣ ин асари арзишмандро бо забони форсӣ-дарӣ тарҷума карда, ба он «Таърихи Табарӣ» унвон гузоштааст. Муҳаммад Балъамӣ ҳангоми тарҷума ба китоб баъзе иловаҳо ворид кардааст. Аз ҳамин сабаб таҳқиқотчиён «Таърихи Табарӣ»-ро ба муҳаммад Балъамӣ ҳам нисбат медиҳанд. Ин асар аз ҷониби Ваҳиди Балхӣ дар асри XVI ба забони ўзбекӣ тарҷума шудааст ва дастнависи он бо забони ўзбекӣ дар китобхонаи оммавии ба номи «Салтыков-Щедрин»-и шаҳри Санк-Петербурги Федератсияи Русия нигоҳдорӣ мешавад.
Маврид ба ёдоварист, ки матни арабии асари мазкур солҳои 1879-1901 дар 15 ҷилд дар шаҳри Лондон ва бо забони фаронсавӣ солҳои 1867-1874 дар Порис интишор ёфт, ки тартибдиҳандааш Герман Зотенберг мебошад.
Инчунин чопи сангии ин асар бо забонҳои гуногун дар Ҳинд рўйи чоп омадааст.
Мутаасифона, ин дастнавис ноқис буда, охир надорад. Баъзе аз авроқи он хароб гардидаанд, ки хондани он ҷойҳо имконнопазир аст. Соли китобат ва номи котиб маълум нест, аммо аз рўи навъи қоғазу хат ба асри XIII - XIV нисбат додан мумкин аст. Навъи хатташ насх буда, сарлавҳаҳои матни он бо хатти сулс навишта шудааст. Муқова ва шерозаи он картони кабуди ҳозира мебошад.
Китоби мазкур дар дафтари инвенитарӣ таҳти рақами 161 ба қайд гирифта шудааст.
Раҷабалӣ Додихудоев,
Сардори шуъбаи дастхатҳои
Шарқ ва китобҳои нидир