Харидории 63 маҷмуъаи дастхат ва 65 китоби чопи сангӣ

Зарфи соли сипаришуда дар Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 207 адад  нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангии аҳолӣ мавриди санҷиши соҳавӣ қарор дода шуда, 63 маҷмўаи дастхат ва 65 китоби чопи сангӣ  харидорӣ  карда шуд.
Инчунин 30 адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангиро аз аҳолӣ барои харидорӣ ҷамъоварӣ кардаанд. Илова бар ин, дар шакли туҳфа аз фонди элэктронии Китобхонаи миллии Фаронса 30 нусхаи хаттии электронӣ ва аз Осорхонаи санъати Балтимори ИМА 21 адад нусхаи хаттии нафис ба фонди электронии шуъба  ворид карда шуд.
Ба толори хониш ва “Осорхонаи китобҳои нодир” 4333 нафар хонандагону меҳмонони дохилию хориҷӣ ташриф оварда, ки нисбат ба соли 2014-ум 2090 нафар зиёдтар аст.  
Ҷамъоварии мавод ҷиҳати мураттабсозии феҳристҳои адабиёти Рўдакӣ (китоби 3), “Китобшиносии Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ў” (китоби 2), “Маҷаллаҳои Шарқ” (қисми 2) ва “Осорномаи Абдурраҳмони Ҷомӣ” (китоби 2)  идома дорад.
     Илова бар ин, барои гум нашудани сифат нусхаҳои хатти фонд пурра варақгардон шуда, барои таъмиру тармим 1000  адад интихоб карда шуд.
Шуъбаи таъмир ва тармим 392 адад китобро аз нав барқарор кард

Барчаспҳо: