Бо ин шоираи маъруф хонандагони Китобхонаи миллӣ на аввалин бор аст, ки вомехӯранд. Латофат Кенҷаева аз ҷумлаи он афродест, ки ҳамеша омодаи мулоқот бо ханандагонаш аст ва ҳамеша даъвати Китобхонаи миллиро барои мулоқот бо хонандагони наврас ба ҷон мепазирад.
Субҳи рӯзи сешанбе, 26-уми январ низ шоираи маҳбуб бо даъвати Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ бо дастовезе аз навиштаҳои тозааш вориди толори хониши