Соли 2015 11 ҳазору 156 нафар аз шуъбаи матбуоти даврӣ рӯзномаву маҷалла мутолиа кардаанд. Ин дар қиёс ба як соли пеш 4489 нафар бештар будааст.
Ба хонандагон 42669 рўзномаву 11940 маҷалла пешниҳод карда шуд. Бо дархости хонандагон ба Шуъбаи абанементи байни китобхонаҳо 1541 номгўи маҷаллаҳо пешниҳод карда шуд.
Кормандони шуъба дар фонди пўшида
Зарфи соли сипаришуда дар Шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 207 адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангии аҳолӣ мавриди санҷиши соҳавӣ қарор дода шуда, 63 маҷмўаи дастхат ва 65 китоби чопи сангӣ харидорӣ карда шуд.
Инчунин 30 адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангиро аз аҳолӣ барои харидорӣ ҷамъоварӣ кардаанд. Илова бар ин, дар шакли туҳфа аз фонди элэктронии Китобхонаи миллии Фаронса 30 нусхаи хаттии электронӣ ва аз Осорхонаи санъати
Соли сипаришуда ба шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо 5223 нафар истифодабарандагон муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 447 нафар хонандагони наваъзошуда мебошанд. Бо дархости истифодабарандагон 11871 нусха адабиёт ба хона барои истифодаи муваққатӣ дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони шуъбаи автоматикунонӣ ва раванди китобдорӣ-иттилоотӣ 150 нусха китоб дар ҳаҷми 90020 саҳифа нусхабардорӣ шуда, мавриди коркард қарор гирифт ва ба формати pdf баргардонида шуд. Китобҳои омодашуда ба сервери ftp, ки фонди китобҳои электронии Китобхона аст, ҷойгир карда шуд. Инчунин маводҳои электронӣ -90 адад диск бо забони тоҷикӣ ва 100 адад диск бо забони русӣ, ҷамъ ба миқдорӣ 2500 китоб феҳристбандӣ шуда, нусхаҳои электрониашон ба сервери ftp ҷойгир карда шуд.
Корҳои ғанигардонии маводҳои гўёи Китобхона аз ҷониби шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ба сомон расонида мешавад, ки дар заминаи он дар соли 2015 кормандони шуъба барои таҳияи дастури библиографӣ бо номи «Адабиёти нав доир ба фарҳанг ва ҳунар» 1013 нишондиҳандаи библиографӣ аз матбуоти даврӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ ҷамъ ва омода намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 310 адад зиёд мебошад. &nb
Дар бахши адабиёти бачагон ва наврасон дар соли 2015 4866 хонанда омад. Кўдакон ва наврасони аз синни 3 то 14 солаи ба толор омада, дониш ва ҷаҳонбинии худро тавассути мутолиаи китобҳо ва истифодаи барномаҳои компютерӣ сайқал доданд. Инчунин кўдакон ва наврасон аз 14 компютере, ки дар толор насб карда шудааст, истифода намуданд. Дар компютерҳо барномаҳо барои омўзиши забони русӣ, донишҳои риёзӣ, адабиёт, таърих ва дигар фанҳо насб карда
Теъдоди аъзои Китобхонаи миллӣ аз оғоз то ба ин дам ба 83 ҳазору 463 нафар расидааст.
Соли равон 21106 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шудаанд, ки нисбат соли 2014-ум 2575 нафар зиёдтар аст.
Аз он ҷумла:
Хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ - 4249
Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон – 3108
Хонандагони коллеҷҳо ва литсейҳо - 2012