102 китоби электронии хазинаи электронӣ

Корҳои ғанигардонии маводҳои гўёи Китобхона аз ҷониби шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар ба сомон расонида мешавад, ки дар заминаи он дар  соли 2015 кормандони шуъба барои таҳияи дастури библиографӣ бо номи «Адабиёти нав доир ба фарҳанг ва ҳунар» 1013 нишондиҳандаи библиографӣ аз матбуоти даврӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ ҷамъ ва омода намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии  соли гузашта  310 адад зиёд мебошад.      

   Ҳамчунин дар соли сипаригардида 3186 барга барои «Хазинаи электронии мусиқии тоҷик» электронӣ карда шуд. Бо кумаки шуъбаи автоматикунонӣ  “ Хазинаи электронии мусиқии тоҷик” дар компютерҳо насб карда шуд. 

Яке аз самтҳои фаъолияти шуъба такмили фонд мебошад. Ба фонд 108  китобу нота, 71  маҷалла ба толори хониши шуъба, сабти аудиоии рубоиёти Умари Хайём ба Толори маводҳои мусаббат ворид карда шуд.   Ба “Хазинаи электронии мусиқии тоҷик” 102  китоби электронӣ оид ба мусиқии тоҷик ва шарҳи он аз қабили авторефератҳо, мақолаҳо, рисолаҳои илмӣ, ба хазинаи “Рассомони Тоҷикистон” 49 мусаввара ва 37 расм доир ба ҳунарҳои дастӣ ворид карда шуд.

    Дар асоси маълумотҳо, феҳристҳо ва дигар маводи мавҷуда давоми  барномаи “Феҳристи электронии мусиқии тоҷик”  сохта ва ба кор дароварда шуд. Барномаи мазкур ҳамчун феҳристи электронӣ хизмат менамояд ва барои ҷустуҷўи маълумотҳо ва маводҳо пешбинӣ шудааст. Аз барнома кормандон ва хонандаҳо метавонанд бемамониат истифода баранд. Инчунин дар ин муддат барномаи “Рассомони Тоҷикистон” барномасозӣ шуд.

 Илова бар ин, кормандони шуъба омўзгорон ва донишҷўёни Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, тарбиятгирандагони Мактаб-интернати махсуси мусиқии ба номи                З. Шаҳидӣ, кормандони Театри ҷавонон ва дигар пажуҳишгаронро бо китобҳо ва пйсаву асарҳои дархосткардаашон таъмин намуданд. Пйесаҳои “Толмаси айёр” ва “Исёни арўсон” нусхабардорӣ ва барои намоиш ба Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ирсол гардиданд.

Моҳи июл ҳайати кормандон чорабинии фарҳангиеро бахшида ба 100-солагии ҳунарманд ва коргардони тоҷик зиндаёд Аслӣ Бурҳонов доир намуданд, ки дар он санъатшиносон, олимон ва ҳунармандони театр ва кинои тоҷик иштирок ва суханронӣ карданд. Китобҳо, расмҳо ва видеороликҳо доир ба ҳаёт ва фаъолияти Аслӣ Бурҳонов ба намоиш гузошта шуданд.                 

Маврид ба зикр аст, ки илова ба фаъолияти ҳаррўза дар матбуоти даврӣ доир ба масъалаҳои ҳувияти миллӣ, худшиносии миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба илмомўзӣ мақолаҳо ба табъ расонида шуданд.

            Аз ҷумла, дар рўзномаи “Донишварз” мусоҳиба таҳти унвони “Талош барои пешрафти илму фарҳанг”, дар ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа” мақола бо номи “Аҳамияти китобхонаҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ”, дар нашрияи “Паёми донишҷў” мақолаи илмӣ-таҳқиқотӣ зери унвони “Саҳобии Астарободӣ-шоир ва орифи порсигў”  ба табъ расонида шуд. Инчунин мақолаи Ҳақназар Қурбонмамадов бо номи “Тоҷикон, кўшише дар шинохти чеҳраи иҷтимоии муосир” тарҷума карда шуд ва дар нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Минбари халқ”, “Боҷу хироҷ”, “Омўзгор”, “Фараж” ва Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”  нашр гардид.  Илова бар ин сардори шуъба дар мулоқоти хонандагони фаъоли шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо бо номи “Чароғи маърифат”  дар мавзўи “Нақши китоб дар рушди фарҳанги ҷомеа” маърўза кард.