Суруди овозадори «Республикаи ман» бар матни Боқӣ Раҳимзода ва Муҳиддин Фарҳат, ки соли 1975 эҷод шуда буд ҳоло ҳам дар ҷашну чорабиниҳои бошукўҳи идона садо медиҳад. Имрўз ҳам зебогӣ ва маънои худро гум накардааст ва дар қатори сурудҳои тарбиявию ватандўстона мақоми аввалро дорад.
Суруди машҳури «Республикаи ман»-ро оҳангсози номии тоҷик Шарофиддин Сайфиддинов соли 1975 бахшида ба 40-солагии ташкилёбии Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон эҷод намудааст.
Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода гуфта буд: “Аз байни ҳамаи сурудҳое, ки зебогии диёри моро тараннум мекунанд, суруди «Республикаи ман» беҳтарин, бошукўхтарин ва дилчасптарин суруд мебошад, ки ба оҳангсоз Шарофиддин Сайфиддинов шўхрат ва обрўи калон овардааст”.
Оҳангсоз Шарофиддин Сайфиддинов соли 2006 дар бораи сароянда, донанда ва иҷрогари соҳибназари мақомҳо, Артисти Халқии СССР, профессор, дорандаи Ҷоизаи ба номи А.Рўдакӣ, Борбад, Орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, иштирокдори се симпозиуми байналмилалии мусиқишиносӣ (Самарқанд 1978, 1983, 1987), фестивал ва симпозиуми ҷаҳонии мусиқӣ ба ифтихори 1400-мин зодрўзи Борбад, даҳҳо рўзҳои адабиёт ва ҳунар, фарҳанги тоҷик дар Ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ, мамолики хориҷӣ Аҳмад Бобоқулов чунин гуфтааст: «Аҳмад Бобоқулов – сарояндаи бузурги асри 20. Ў сурудҳои тоҷикиро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Ман бо ў дар солҳои 60-ум ҳангоми дар шуъбаи вокалии Консерваторияи шаҳри Москва таҳсил карданамон шинос шудаам. Аксарияти сурудҳои эҷод намудаи ман маҳз бо сароидани ў машҳур гардидаанд. Соли 1974 ба шоирон Боқӣ Раҳимзода ва Муҳиддин Фарҳат супориш шуда буд, ки бахшида ба Рўзҳои Адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва шеъре, ки маънои баланди ватандўстона дошта бошад, эҷод намоянд. Мусиқии ин сурудро ман эҷод намудам ва Аҳмад Бобоқулов онро сароид. Ин суруд маҳз барои овози ў офарида шуда буд. Сурудро бо муаллифон мо 5-6 маротиба иваз намудем, дар он ҳар як хусусияти интонатсияи оҳанг, лаҳнҳои нафиси ҳар як асбоби мусиқӣ ба назар гирифта шудааст. Ў ин сурудро дар рўзҳои фарҳангӣ бо оркестри москвагӣ хеле зебо сароидааст. Албатта бо он розиям, ки дигар сарояндагони машҳури мо онро хуб иҷро кардаанд, вале на дар он сатҳе, ки Аҳмад Бобоқулов сароидааст”.
Хонандагон метавонанд ин суруди машҳур ва дигар сурудҳоро дар иҷрои сарояндаи нотакрори тоҷик Аҳмад Бобоқулов дар толори маводҳои мусаббати Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар шунаванд.
Адабиётҳои истифодашуда:
Таҳияи Нигина Маҳмудова,
Мутахассиси шуъбаи адабиёт доир
ба фарҳанг ва ҳунар