Як ҳафтаи фарҳанг дар мамлакат

Рӯзноманигори тоҷик мегӯяд Марям Исоева тӯли фаъолияти эҷодӣ образи ҳамаи занҳои оламро офаридааст. Ин ва боз матолиби дигар аз ҳаёти фарҳангии мамлакат дар нашрияҳои ҳафтаи охири чопи Душанбе.

Ҳафтаи гузашта дар матбуоти кишвар силсилаи зиёди хабару мақолаҳои ҷолибу хонданӣ аз ҳаёти фарҳангии мамлакат интишор ёфтанд.

1-уми ноябр дар рӯзномаи “Чархи гардун” оид ба баргузории намоиши офаридаҳои нигоргари тоҷик Беназир Ализода дар намоишгоҳи бузурги ҳунарии “Kreativ” таҳти унвони “Тоҷикдухтари наққош ҳунарашро дар Олмон намоиш дод” аз 27-ум то 29-уми октябр дар шаҳри Фрўнденберги Олмон нашр гардидааст.

Ҳамчунин дар бораи ба ҷоизаи Иван Бунин барои асари наваш “Қиссаҳои тиллоии ишқ”сарфароз гардидани Темур Зулфиқоров таҳти унвони “Ҷоизаи Бунин орзу деринаам буд”, ҳамчунин ба ифтихори 80-солагии Хунарпешаи халқии Тоҷикистон Хабибулло Абдураззоқов “Ҳабиби саҳнаи ҳунар“дар бораи рӯзгор ва фаъолияти эҷодӣ, ҳаёт ва зиндагии Ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хабибулло Абдураззоқов дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” 2-юми ноябр интишор ёфт.

Ҳамчунин дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” 2-юми ноябр мақолаи О. Нозир ба муносибати 80-солагии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Марям Исоева “Меҳроби моҳи нав” оид ба силсилаи модарномаи ин ҳунарпешаи бузурги театри тоҷик нашр гардидааст. Муаллиф менависад: ”Ў дар тўли фаъолияти эҷодӣ образи тамоми модарони дунёро офаридааст”. 80-солагии мавлуд ва 60-солагии фаъолияти Марям Исоева ба Рўзи театри тоҷик – 7-уми рост омада, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷашн гирифта мешавад.

Мақолаи Сироҷиддин Икромӣ “Тамошобинонро ба саргумӣ намебарем” оид ба рушди синемои тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ иттилоъ дорда, зикр гардидааст, ки дастандаркорони соҳа тавонистанд бо филмҳои офаридаи худ холигиҳои даҳаи қарни гузаштаро пур бикунанд. Ин мақола низ дар ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” чоп шудааст.  

 Ҳамчунин мақолаи Қироншоҳ Шарифзода ба истиқболи 100-солагии профессор Воҳид Асрорӣ “Устод Асрорӣ ва шогирдон” дар бораи хизматҳои шоёни доктори илми филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагони СССР (1956), Иттифоқи журналистони СССР, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон устод Воҳид Миршарифович Асрорӣ дар рӯзномаи “Фараж” 1-уми ноябр нашр гардидааст, хонандагонро муфассал аз хизматҳои арзандаи ин марди шариф ошно мекунад.

 

Ҳар касе агар мехоҳад бо ин ва чанд матлаби фарҳангии ҳафтаи ахир дар нашрияҳои чопи Душанбе интишорёфта шинос шавад, метавонад ба Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллӣ муроҷиат кунад.

Зебуннисо Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар