Гузашти солҳо моро аз беҳтарин расму русум, одатҳои ниёгон, фарҳанги қадимӣ, ки мағз андар мағзашон меҳру муҳаббат ҷо кардаанд, дур мекуннад. Оинҳои аҷдодӣ зери чанги солҳо мемонанд ва наслҳои имрӯз бехабаранд, ки гузаштагонашон барои обод нигоҳ доштани хонаи меҳру эътиоқод ба ҳамдигар, чӣ русумеро риоя ва пос медоштанд. Яке аз ин оинҳои фаромӯшшуда “Боғкӯчӣ” ном дошт.
Дар гузашта як навъ ойини мардумӣ буд, ки то солҳои 60 ва дар баъзе минтақаҳо то солҳои 70 асри 20 вуҷуд дошт. Мардуми деҳот ё наздики шаҳр дар ду макон зиндагӣ мекарданд. Якеро ҳавлии деҳ (қишлоқ) мегуфтанд ва дигареро боғ. Ҳавлии деҳ хурд ва барои гузаронидани фасли зимистон хуб буд. Боғ калон буд. Аз баъзеҳо то чанд гектар. Боғи баъзе заминдорҳоро, ки чандин гектар буд, дар солҳои сиюм давлат гирифта, ба деҳқонони камбизоат дод. Ба вуҷуди ин ҳама ҳавлии деҳ ва ҳам боғ барои баъзеҳо боқӣ монд. Онҳо дар фасли баҳору тобистон ва тирамоҳ ба боғ кўч мебастанд, киштукор мекарданд, ҳосили меваҳои боғро меғундоштанд ва онро ба анборҳои ҳавлии деҳ мекашонданд.
Маъмулан, охири тирамоҳ ва зимистонро дар деҳ мегузарониданд ва баъдан замоне, ки фасли баҳор шурўъ шуд, боз ба боғ мекўчиданд. Ҳангоме ки аз деҳ ба боғ ва ё баръакс, аз боғ ба деҳ мекўчиданд, маросими махсус - “боғкўчӣ“ –ро иҷро мекарданд. Аввал аҳли хонавода дастаҷамъона ба боғ рафта, боғхона, суффаҳо, айвонҳо, ки чандон калон набуд, рўбучин мекарданд ва аз ҳар ҷиҳат ба тартиб меоварданд. Баъдан як шаб пеш аз боғкўчӣ хешовандон ва калонсолонро даъват карда зиёфат дода, аз калонҳо дуо мегирифтанд ва рўзи дигар кўчи худро ба харҳо бор карда, дар остонаи дарвозаи деҳ аз каме хасу ҳезум ва ҳазориспанд оташ фурўзон мекарданд. Касе аз калонсолҳо дар дами дарвоза истода, дуо медод: “Омин, кўчатон бехатар шавад, ҳосилатон пурсамар шавад, Бобои Деҳқон бароятон баракат ди ҳад, бо дасти пуру анбори пур баргардед, аллоҳу акбар!”
Ҳама даст ба рўй кашида, аввал харҳоро бо бор ва баъд дигарон ба навбат аз оташи алангааш хеле паст мегузаштанд. Ин чунин маънӣ дошт, ки ҳар неруи зараровари баде,ки дар ҳавлӣ ҳаст, сўзаду бо онҳо ба боғ наравад.Хурду калон дари ҳавлиро баста, ҳама якҷо ба боғ мерафтанд. Ҳангоми аз дари боғ даромадан низ ҳамин ойинро такрор менамуданд, яъне пеш аз даромадан дар даромадгоҳи дарвозаи боғ боз пирамарде, ё пирзане андаке хасу ҳазориспанд дуд мекарду аввал харҳои боркаш ва баъд ҳамаро ба навбат аз болои он оташ мегузаронд. Яке аз занҳо ҳазориспанди дар коса, ё ягон табақ дудкардаистодаро дар гирди бор ва шахсони ба боғ раванда давр мезанонд.Ҳамсояҳо чун одат мегуфтанд, ки “Боғ кўчидед, муборак шавад!” Дар ҷавоб: “Ба шумо ҳам муборак шавад!” мегуфтанд.
Мо ин мақоларо аз китоби “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (қисми якум) овардем. Китоб соли 2015 аз ҷониби Сарредаксияи Энсиклопедияи миллии тоҷик чоп шудааст. Хонандагон метавонанд бо он дар толори хониши Шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар, воқеъ дар ошёнаи чоруми Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
Таҳияи Зебуннисо Сафарова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар