Шояд ашъори ҳеч шоире аз муосирон ба ҳадди шеърҳои Ҳақназар Ғоиб суруд нашуда бошанд. Аксари сарояндагони маъруф дар барномаи худ таронае аз аз ашъори ӯ доранд.
Дар муаррифии Ҳақназар Ғоиб аз Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон мехонем:
ҲАҚНАЗАР ҒОЙИБ 7 январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои ноҳияи Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ (1960) ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1966), як сол омӯзгорӣ карда, аз соли 1966 машғули рӯзноманигорист.
Шоираи маъруф Розияи Озод – модари Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафур 125-сола шуд. Розия Озод 61 сол пеш, аниқтараш соли 1953 дар синни 63-солагӣ тарки олам карда буд.
Розияи Озод (Ғафурова Розия Бойматовна) 18 январи соли 1893 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Соли 1944 таҳсили ибтидоиро дар мактаби кўҳна идома дода, бо вуҷуди душвориҳои зиндагӣ, ба омўзиши мустақил мепардозад. Баъдтар мактаб кушода, ба бачаҳои деҳа хондану навиштанро меомўзонад. Соли 1944 узви Иттифоқи нависандагон буд. Розияи Озод яке аз аввалин занони тоҷик аст, ки фарзандонашро ба мактаби русӣ додаст.