Activities calendar

30 января 2018

Сада ҷашни мулуки номдор аст...

«Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст»

Ҷашни Сада муборак ба ҳамватанон !

Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд.  Пешгузаштагони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд. Сада то асри 12 ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он - гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз

Ёде аз аввалин китобдори унвондори кишвар

Китобдори ҷанговар, шахсе, ки корномаҳояш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо чандин ордену медалҳо қадр шуда. Ва баъди бозгашт ҳам дар арсаи кор корномаҳои дигар дошт. Аввалин китобдоре, ки соли 1957 бо унвони фахрии «Китобхоначии хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» таҳти рақами 1 сарфароз гардидааст. Шинос шавед: Суяр Иброҳимов!

Моҳи январи соли 1910 таваллуд шудааст. Мактаби ФЗЧ-и назди фабрикаи ба номи Степан Халтурини шаҳри Ленинград (1930-1933) ва Донишкадаи педагогии шаҳри Сталинободро (1960) хатм кардааст. То сар задани Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудири шуъбаи пионерони КМ ЛКСМ-и Тоҷикистон, сардори яке аз раёсатҳои