Ҳафтаи ҷорӣ як силсила китобҳои нав хазинаи китоб дар Китобхонаи миллиро ғанӣ карданд. Ин китобҳо дар чанд нашриёти шаҳри Душанбе интишор ёфтаанд ва чун нусхаҳои ҳатмӣ ба Китобхонаи миллӣ эҳдо шудаанд.
“Мантиқ” яке аз ин китобҳост, ки Саид Нуриддин Саид, Саид Аҳмадов ва Мумин Назаров иншо кардаанд. Тавре аз номаш пайдост, китоб дар мавзуъи мантиқ аст ва чун дастури илмӣ тавсия шудааст.
Дар ин китоб мавзуъҳои асосии илми мантиқ баррасӣ
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Яъне, имсол дар кишвар барномаҳои мушаххасе ҷиҳати тавсеъаи ҳунарҳои мардумӣ ва пешрафти сайёҳӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд.
Тасмим гирифтем барои муаррифии навъҳои
Марҳабо Ҷабборӣ аз ҷумлаи олимаҳои кишвар аст, ки дар баробари комёбиҳои назаррас дар пажуҳиши забоншиносӣ дар вазифаҳои давлатӣ низ кор карда, то ноиби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Вале ҳамеша ҷӯёву пӯёи илм будааст ва дар мавзуъҳои забоншиносии муқоисавӣ пажуҳишҳои арзишманде доштааст.
Марҳабо Ҷабборӣ 19 январи соли 1958 дар шаҳри Конибодом дида ба олам кушодааст. Доктори илми
Нависандаи маъруф, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад бо ҳузури нуронии худ дар маҳфили “Дар суҳбати адиб” бо хонандагонаш мулоқот кард ва ба саволҳои онҳо посух гуфт.
Ин маҳфил баъд аз зуҳри 25 - уми январи соли равон дар шуъбаи хизматрасонии махсус баргузор шуд ва ширкаткунандагони аслии он афроди дорои имкониятҳои маҳдуд аз ҷумлаи
Устоди Донишгоҳи миллӣ, яке аз муваффақтарин бонуи илми тоҷик, профессор Мукаррама Набиевна Қосимова имсол ба синни мубораки 85 даромад. Мукаррама Қосимова аз аввали солҳои 50 асри гузашта вориди шоҳроҳи илм шуд ва ҳамоно чун як ғаввоси моҳир дар баҳри нопайдоканори илм шино мекунад.
Қосимова Мукаррама Набиевна 16 январи соли 1933 дар шаҳри Конибодом дар оилаи яке аз поягузорони журналистикаи тоҷик шодравон Набии Фахрӣ таваллуд шудааст. Соли 1950 ӯро ба шуъбаи филологияи тоҷики факултаи таъриху филологияи ДДТ ба номи В.И. Ленин овард. Баъди хатми факултаи филологияи тоҷик, соли 1955 ба аспирантура дохил шуда, роҳи душвори илм ва мушаххасан соҳаи забоншиносиро интихоб намуд.